Вазири дифоъи Чин ба Душанбе меояд

Фахриддини Холбек
Сао Гангчуан, вазири дифоъи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати анҷоми як сафари серӯза вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд. Дар ҷараёни ин сафар вазири дифоъи Чин масоили ҳамкориҳои Чину Тоҷикистонро дар бахши низомӣ бо Шералӣ Хайруллоев, ҳамтои тоҷики худ баҳсу баррасӣ хоҳад кард.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамкориҳои ҳарбӣ - техникӣ, муборизаи муштарак алайҳи чолишҳои ҷаҳони муосир, инкишофи муносибот дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ҳамчунин муносиботи накӯи ҳамсоядорӣ аз мавзӯъотеанд, ки миёни мақомоти баландпояи ду кишвар баррасӣ хоҳанд шуд. Оқои Маҳмадалиев афзуд, равобити низомиии миёни ҳарду кишвари Тоҷикистон ва Чин дар ҳоли пешравист: "Чанде пеш Чин барои нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 8 миллион юан, баробари 1 миллион доллари амрикоӣ қарзи бебозгашт ихтисос дод."

Чин яке аз шарикони ҳарбӣ - сиёсии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Шурӯъ аз соли 1993, ки артиши Тоҷикистон созмон ёфт, Чин барои мустаҳкам гардидани базаи моддиву фаннии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кӯмаки молиявию техникӣ мерасонад. Дар донишгоҳҳои ҳарбии Чин афсарони тоҷик омӯзиш доранд. Қарор аст Сао Ганчуан бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов низ дидор ва мулоқот анҷом диҳад.
Фахриддини Холбек, Душанбе