Зиёни боришоти ғайрмуқаррарӣ ба Рашт

Бар асари боронҳои пай дар пайи чанд рӯзи ахир дар навоҳии водии Рашт, як нафар ҳалок гашта, беш аз яксаду чил сар моли майда талаф ва ҳудуди 130 хонаи истиқоматӣ зарар дидаанд.
Музаффар Усмонов сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллода ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар водии Рашт гуфт, боришоти нобаҳангоми нимаи дуюми моҳи май хисороти зиёд ба иқтисоди водӣ ворид кардааст, аммо ҳаҷми ниҳоии он то кунун муаяйн нашудааст.
Дар ҳамин ҳол Мирзоҷон Мирзоев, як нафар чӯпон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар чарогоҳҳои баландкӯҳи минтақа бори чаҳорум аст, ки дар як ҳафтаи ахир барф меборад ва аз бориши барфу борони зиёд талафоти чорвои майдаи навзод дида мешавад, ки ин низ ба вазъи иқтисодии хонаводаҳои камбизоати водӣ зиён меоварад.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт