"Шаҳид" аз пайвандони қурбониёни ҳамла узр хост

Як навраси покистонӣ, ки дар ҳамла ба ибодатгоҳи сӯфиҳо дар минтақаи Дараи Ғозихон ширкат дошт, аз амали худ изҳори таассуф кард.

Навраси 14-сола баъди он боздошт шуд, ки “камарбанди шаҳид”-и ӯ инфиҷор нашуд. Ӯ ба бемористон интиқол ёфт ва он ҷо изҳор намуд, ки аз ҳама осебдидагон ва пайвандони қурбониёни ҳамла ба ибодатгоҳи сӯфиҳо маъзарат мехоҳад.

Ба гуфтаи ин наврас, ӯ ва боз беш аз 350 навраси дигар дар як пойгоҳи афроди мусаллаҳ дар марзи Афғонистон тамрин дидаанд.

Рӯзи 3 апрел бар асари ҳамла ба масҷиди сӯфиҳо дар минтақаи Дараи Ғозихон беш аз 40 нафар ба ҳалокат расида буданд.