Дар чанд ҷумла Заминларзаи қавӣ шимолушарқи Ҷопонро ларзонд апрел 07, 2011 Бино ба гузоришҳо, заминларзаи қавие бо нерӯи 7,4 дараҷа аз рӯи ҷадвали Рихтер имрӯз шимолушарқи Ҷопонро такон додааст. Пажӯҳишгоҳи геологии Амрико дар ин бора хабар дод. Доир ба талафот ва ё хисорот то кунун гузорише нарасидааст.