Мӯсо Иброҳим, сухангӯи Муаммар Қаззофӣ, эълом кард, ки раҳбари Либия омодаи ислоҳоти сиёсӣ ва баргузории интихобот аст, аммо дар бораи сарнавишти Қаззофӣ бояд танҳо худи мардуми Либия тасмим бигирад. Мӯсо Иброҳим гуфт, Либия шартҳои аз хориҷ гузошташударо намепазирад. Қудратҳои ғарбӣ аз Муаммар Қаззофӣ хостаанд, аз мақомаш биравад. Таҳти фишори шӯришиён, ки алайҳи ҳукумати Қаззофӣ меҷанганд, давлати Либия гуфтааст, ки ҳоло омода аст, ислоҳоти демократӣ, шаффофият, озодии матбуот ва масоили фасодкориро бо мухолифон баррасӣ кунад. Ҷанги шӯришиён бо нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ дар шарқи кишвар идома дорад ва рӯз пештар Итолиё ба Фаронсаву Қатар пайваст, шӯрои мухолифони Либияро ба расмият шинохтанд.