Дар Душанбе ҳамкориҳо бо Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ шуд

Тибқи хабари “Ховар”, дар шаҳри Душанбе Низомиддин Зоҳидов-муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Жил Де Карҳове- ҳамоҳангсози Дабири кулли Иттиҳодияи Аврупо дар масоили терроризм мулоқот кард. Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа, ҳамкориҳо барои мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ карданд.