Сад голи ...дарвозабон

Дарвозабони дастаи Сан Паулуи Бразилия Роҷерио Сенӣ нахустин дар таърихи футбол дарвозабоне шуд, ки ба дарвозаи ҳариф сад гол задааст.

Ахиран Роҷерио Сении 38-сола дар бозии чемпионати аёлати Сан-Паулу дар бозӣ бо тими “Коринтианс” зарбаи ҷаримавиро ба нишон расонд ва пирӯзии тимаш бо ҳисоби 2 бар 1-ро таъмин кард.

Дарвозабон бештари голҳо, яъне 56-тояшро ҳамингуна ҳангоми иҷрои зарбаи ҷаримавӣ ва боқимондаро аз пеналти задааст.