Ҳамлаи дигари маргбори Ҳусиҳои таҳти ҳимояти Эрон ба Арабистон

Фурудгоҳи Шоҳ Холид дар Риёз пас аз ҳамлаи Ҳусиҳо

Мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтанд, ки дар ҳамлаи нави Ҳусиҳо ба фурудгоҳи шаҳри Риёз 1 нафар кушта ва 11 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳамла рӯзи 11-уми октябр ва як рӯз пас аз ҳамлаи маргбори дигар сурат гирифт. Рӯзи 10-уми октябр дар ҳамли маргбор ба фурудгоҳи Малик Холиди Риёз 13 нафар кушта ва беш аз 300 тани захмӣ шуданд.

Навори лаҳзаи ҳамларо инҷо бинед:

Ҳусиҳои Яман, гурӯҳе, таҳти ҳимояти Эрон ҳамлаҳо ба Арабистони Саудиро афзоиш додаанд. Арабистони Саудӣ ба ҳукумати Яман дар муқобила бо Ҳусиҳо кӯмак карда, ба пойгоҳҳои Ҳусиҳо зарбаҳои ҳавоӣ мезанад. Ҳусиҳо Санъо, пойтахти Яман ва чанд шаҳри муҳими ин кишварро дар даст доранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳамлаи ҳусиҳо ба як пойгоҳи низомӣ дар Арабистони Саудӣ

Баъди ҳамлаҳо бисёре аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвоз ба Арабистони Саудиро муваққатан боздоштанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 10-уми октябр гуфт, ки шояд Амрико бо пуштибонӣ аз Арабистони Саудӣ ба Ҳусиҳо зарба занад. Ӯ гуфт, ҳанӯз дар ин маврид қарор қабул нашудааст.

Ҳусиҳо дар ду моҳи ахир минтақаҳое дар соҳили Бобулмандаб, ки як оброҳаи муҳим дар ҷаҳон ҳисоб мешавад, ба даст гирифтанд. Ҳукумати Арабистони Саудӣ ҳимояташро аз ҳукумати Яман, ки солҳо боз бо ҳусиҳо меҷанганд, бештар кард ва ҳамла ба пойгоҳҳои ин гурӯҳро афзоиш дод.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Яман аз соли 2014 то кунун идома дорад. Дар ин ҷанг Эрон аз Ҳусиҳо, ки пайрави мазҳаби шиа ҳастанд, пуштибонӣ мекунад.