Боздошти ҷавони тоҷик барои таҳдиди куштан ба модари худ

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар додааст, ки ба гуфтаи муфаттишон ба модари худ таҳдиди куштан кардааст, ки ҷинояти гӯшношунид барои ҷомеа ҳисоб меравад.

Дар баёнияи расмии вазорат, ки рӯзи 18-уми сентябр нашр шуд, омадааст, Абдуҷалол Ҳакимови 34-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаби 16-уми август ба хонаи модари 67-солаи худ омада, бинобар нофаҳмиҳои оилавӣ, бо мақсади таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, бо истифода аз корди хоҷагӣ ба ӯ таҳдид намудааст”.

Ҷузъиёти нофаҳмиҳои оилавӣ ва ё моҷарои хонаводагӣ байни падару модар маълум нест, аммо ба гуфтаи вазорат, гумонбар ба ҷиноят, ҳангоми таҳдид ба модараш маст будааст. Мисли ҳамеша вазорати дохилӣ, назари муттаҳам ба ҷиноятро наовардааст, ки иттиҳомро рад мекунад, ё не.

Ба зидди ҷавони тоҷик бо иттиҳоми “Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки барои ин ҷиноят дар Тоҷикистон ҳадди аксар то ду соли зиндон ҷазо таъйин шудааст.