Дар як иқдоми ногаҳонӣ, ки зоҳиран вокуниши манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус созмонҳои ҳомии ҳуқуқро бармеангезад, порлумони Тоҷикистон эълон кард, ки ин кишвар эҳтимолан аз узвияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ хориҷ мешавад.
Тасмими мазкур ба эҳтимоли ғолиб ба дархости додгоҳи мазкур робита дорад, ки аз Тоҷикистон хоста буд, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро дастгир карда барои муҳокима ба дасти ин додгоҳи байналмилалӣ супорад.
Дар ҷаласаи шӯрои Маҷлиси намояндагон, вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар рӯзи 16-уми сентябр дар баробари даҳҳо санадҳои дигар тарҳи қарор «Дар хусуси қатъ кардани амали Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ», - ро баррасӣ кардаанд.
Дар ин бора Маҷлиси намояндагон дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дода, вале бештар аз ин чизе нагуфтааст. Қарори шӯро ба маънии хориҷ шудан аз узвияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ нест, вале аксар вақт тамоми қарорҳое, ки дар шӯро баррасӣ шудаанд, бечунучарои зиёд дар ҷаласаи тамоми вакилони Маҷлиси намояндагон қабул ва ё тасвиб мешаванд.
Тасмим барои ихроҷ шудан аз узвияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ чаҳор моҳ баъд аз он сурат мегирад, ки ин додгоҳ бо танқиди ҳукумати Тоҷикистон барои боздошт накардани Владимир Путин дар шаҳри Душанбе гуфт, ки парвандаи ин амалкарди Тоҷикистонро барои баррасии минбаъда дар ихтиёри тамоми кишварҳои узв гузоштааст.
Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ, ки Владимир Путинро ба ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла ихроҷи ғайриқонунии кӯдакон аз минтақаҳои ишғолии Украина муттаҳам мекунад, соли гузашта аз Тоҷикистон хоста буд, ки зимни сафари Путин ба Душанбе ӯро дастгир кунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Додгоҳи Байналмилалӣ аз Тоҷикистон пурсидааст, ки чаро Путинро дастгир накардВладимир Путин, аз рӯзи 8-ум то 12-уми октябри соли гузашта барои ҳузур дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар пойтахти Тоҷикистон қарор дошт. Аммо ҳукумат гуфтааст, ки ин дархостро иҷро карда наметавонад, зеро Владимир Путин аз масуният бархурдор аст ва Тоҷикистон бе ризояти Русия ҳеч яке аз мақомҳои баландпояи ин кишварро дастгир карда наметавонад.
Пас аз ин Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ гуфт, ки Тоҷикистон бо нодида гирифтани дархости боздошт аҳдҳои байналмилалии худро иҷро накардааст. Тоҷикистон расман Қонун «Дар бораи амали Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ» ё “Статути Румӣ”-ро 5-уми майи соли 2000-ум қабул кардааст ва кишвар аз соли 2002-ум расман узви комилҳуқуқи он ба ҳисоб меравад.
Дар сурати хориҷ шудан аз узвият, Тоҷикистон дигар ӯҳдадор нахоҳад буд, ки супоришу дархостҳо ва ё амрҳои боздошти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноиро дар қаламрави худ иҷро ё шаҳрвандони дигар кишварҳоро бар асоси ин дархостҳо дастгир кунад.
Додгоҳи мазкур, ки соли 2002 таъсис ёфтааст, дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд қароргоҳ дорад ва умдатан ҷиноятҳои ҷангӣ ва дигар ҷинояти сахт ба зидди башариятро таҳқиқ ва муттаҳамон ба ин ҷиноятҳоро муҳокима мекунад.