Бино ба гузоришҳо, дар Туркманистон аз кормандони ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла муаллимон барои хариди аксҳои нав ва лавҳаҳо бо шеъри президент Сардор Бердимуҳаммадов пул ҷамъ мекунанд.
Дар ин бора Бахши туркмании Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ дар вилояти Балкан хабар додаааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, пули аксу лавҳаҳоро аз кормандони соҳаҳои алоқа, почта, маорифу тандурустӣ, нафту газ, пулис, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва ниҳодҳои коммуналӣ маҷбурӣ ҷамъ мекунанд. Лавҳаҳои бузурги 120 бар 50 сантиметрӣ бояд то ҷашни истиқлоли Туркманистон дар утоқҳои корӣ, синфхонаҳо ва толорҳои идораҳои давлатӣ насб шаванд. Шеър ҳам “Ифтихори туркманҳо” ном дорад.
Яке аз кормандони давлатӣ ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, ки барои акс ва лавҳа 200 манат, яъне тақрибан 50 долларӣ аз ҳар корманд мегиранд, ки пули зиёде аст. Манбаъҳо гуфтаанд, ки акнун мақомот талаб доранд, ки аксҳо на танҳо дар утоқҳои роҳбарон, балки дар ҳамаи утоқҳои корӣ овезон ва ё насб карда шаванд.
Шеъри Сардор Бердимуҳаммадовро рӯзи 6-уми сентябр нашр карданд, ки он рамзҳои миллии Туркманистон, аз ҷумла аспи аҳалтекин, қолиҳои туркманӣ ва сагҳои алабайро ситоиш карда, онҳоро ба ифтихори миллӣ ва анъанаҳои кишвар пайванд дода шудааст. Талошҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи мақомот дар Туркманистон, ки яке аз бастатарин кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, бенатиҷа анҷомид.
Бархе аз омӯзгорон дар Тоҷикистон ҳам дар гузашта шикоят кардаанд, ки мақомот бо баҳонаҳои мухталиф, аз ҷумла барои таҷлили ҷашнҳои расмӣ ва хариди нашрияву китобҳо аз маоши онҳо кам мекунанд, агарчӣ вазорати маориф гуфтааст, ҳеч мактаберо барои обуна шудану пул ҷамъ кардан маҷбур намекунанд.