Як сухангӯи Вазорати корҳои хориҷи Амрико, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкатҳои хусусии алоқаманд ба тиҷорат дар Афғонистон, бояд зиёд эҳтиёт кунанд ва боварӣ ҳосил намоянд, ки муомилоташон бо қонунҳо ва муқаррароти Амрико мутобиқ дорад.
Ин мақом афзуд, ки Толибон ҳамчунон дар феҳристи "Гурӯҳҳои террористии вижаи ҷаҳонӣ" (SDGT), қарор дорад ва бо Шабакаи Ҳаққонӣ таҳти таҳримҳои Амрико ҳастанд. Шуморе аз мақомҳои Толибон ва Шабакаи Ҳаққонӣ низ ба таври алоҳида таҳти таҳримҳо қарор дошта ва бо маҳдудиятҳои молӣ ва маҳдудиятҳои сафар рӯбарӯ ҳастанд.
Тибқи эълони Вазорати молияи Амрико, шаҳрвандон ва ширкатҳои амрикоӣ умуман ҳаққи ҳеч гуна муомила, пардохт, қарордод, хадамот ё ҳамкории молӣ бо афрод ва ниҳодҳои шомили ин феҳристро надоранд.
Ин вазорат афзудааст, ки афрод ва ширкатҳои ғайриамрикоие, ки бо ин гурӯҳҳо муомилаҳои мушаххас анҷом диҳанд, мумкин аст худашон низ дар рӯбарӯи таҳримҳои Амрико ва ҷазои маъмурӣ ё ҷиноӣ қарор гиранд.
Ин дар ҳолест, ки ширкати "Delta International Energy", ки қароргоҳаш дар Арабистони Саудӣ мебошад, рӯзи 7 сентябр як қарордоди 200-миллиондолларии нафт ва газро бо Толибон имзо кард.
Вазорати маъодин ва петролеуми ҳукумати Толибон, ки ин қарордодро бо ширкати "Delta International Energy" имзо кард, мегӯяд, ки ин қарордод шомили ҳавзаи нафтии Кушк-Тирпул дар байни вилояти Ҳирот ва Бодғис дар ғарби Афғонистон мешавад.
Ба гуфтаи ин вазорат, муддати корҳои иктишофӣ дар ин ҳавзаи нафтӣ 8 сол ва муддати қарордоди он 25 сол муайян шудааст. Ин ҳавзаи нафтӣ ҳудуди 23 ҳазор километр масоҳат дорад.
"Delta International Energy" як ширкати саудӣ аст, ки дар заминаи сармоягузорӣ ва фаъолиятҳои тиҷорӣ дар Ховари Миёна ва бозорҳои дигар фаъолият мекунад. Созиши ин ширкат бо Толибон бахше аз талошҳои мақомоти ҳукумати Толибон барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар бахши манбаъҳои табиии Афғонистон ба шумор меравад.
ЧАРО ИН МАРОСИМ ТАВАҶҶУҲ ҶАЛБ КАРД?
Ҳузури Залмай Халилзод, сафири пешини Амрико дар Афғонистон ва Ироқ ва намояндаи пешини ИМА барои Афғонистон, дар ин маросим таваҷҷуҳро ба худ ҷалб кард.
Як сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Халилзод намояндаи ҳукумати Амрико нест ва ҳузури ӯ дар маросими имзои ин қарордод набояд ба унвони бозтобдиҳандаи мавзеи Вашингтон таъбир шавад.
Залмай Халилзод бо Деннис Койл, як шаҳрванди амрикоӣ, ки аз боздошти Толибон раҳо шуд. 24 марти соли 2026.
Радиои Озодӣ аз Залмай Халилзод ва ширкати "Delta International Energy" дар бораи сабаб ва чигунагии ҳузури Халилзод дар маросими имзои ин қарордод пурсид, аммо то замони нашри гузориш, посухе дарёфт накард.
Аммо пас аз имзои ин қарордод, Халилзод ба хабарнигорон гуфта буд, ки ин сармоягузорӣ "нишон медиҳад Афғонистон барои тиҷорат ва сармоягузорӣ омода аст", зеро ба гуфтаи ӯ, Кобул тавонистааст чунин сармоягузории калонро ҷалб кунад.
Халилзод дар бораи ин, ки чӣ рабте бо ширкати "Delta International Energy" дошта, чизе нагуфтааст.
Аммо Ториқ Фарҳодӣ, корманди пешини Бонки Ҷаҳонӣ ва коршиноси масоили иқтисодӣ, ҳузури Халилзодро ба як нуқтаи таърихӣ дар даҳаи 90-и мелодӣ дар Афғонистон пайванд медиҳад.
"Дар ҳақиқат Халилзод дар тарҳи Юникол, ки як тарҳе будааст, ки бо тарҳи "Delta International Energy" дар як вақт оғоз шуда буд, тақрибан сиву чанд сол пеш, дар он ҳам мушовир буд. Пас буданаш дар инҷо қобили тааҷҷуб нест ва таъсири буданаш ҳам қобили ҳаяҷон нест ва ин тавр ҳам нест, ки бояд беаҳамият бошад. Имкон дорад, ки бо ширкати "Delta International Energy" ба унвони як шаҳрванди оддӣ шарикӣ ҳам дошта бошад".
Дар даҳаи 1990, ширкати амрикоии "Юникол" дар қолаби консорсиюми "CentGas" барои интиқоли гази Туркманистон аз масири Афғонистон ба Покистон ва Ҳинд талош кард. Аммо афзоиши интиқодҳо аз сиёсатҳои Толибон дар он замон, ноамнӣ ва душвории таъмин молӣ, тарҳро мутаваққиф кард ва "Юникол" дар декабри соли 1998 аз консерсюм хориҷ шуд.
ИНТИҚОД АЗ БОЗДОШТИ ШАҲРВАНДОНИ АМРИКОӢ
Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар ҳоле аз рӯи даст гирифтани чораҳои эҳтиётӣ дар бахши муомила ва тиҷорати шаҳрвандон ва ширкатҳои амрикоӣ бо ҳукумати Толибон сухан мегӯяд, ки ҳукумати Амрико борҳо аз Толибон бинобар боздошт ва шеваи бархӯрд бо шаҳрвандони ИМА дар Афғонистон интиқод кардааст.
Вашингтон мегӯяд, ки шаҳрвандони амрикоӣ дар Афғонистон бо хатарҳое, аз ҷумла, боздошти худсарона, одамрабоӣ ва гаравгонгирӣ рӯбарӯ ҳастанд. Амрико борҳо хостори озодии амрикоиҳои боздоштшуда аз сӯи Толибон шудааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар декабри соли 2025 фармонеро имзо кард, ки ба Вазорати корҳои хориҷии он кишвар иҷоза медиҳад, кишварҳоеро, ки ба таъбири Амрико ноодилона шаҳрвандони ин кишварро боздошт мекунанд, дар феҳристи сиёҳ қарор диҳад ва ҷазои сахтеро барои онҳо дар назар бигирад.
Чанд моҳ пас, дар моҳи марти соли 2026, Марко Рубио, Вазири корҳои хориҷии ИМА эълон кард, ки Афғонистони зери ҳокимияти Толибон дар феҳристи ин кишварҳо қарор гирифтааст.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, ки Толибон ҳамчунон аз шеваҳои террористӣ истфода мекунанд ва афродро барои дарёфти боҷ ё гирифтани имтиёзи сиёсӣ мерабоянд. Ба гуфтаи ин вазорат, ин шеваҳои "нафратангез" бояд поён ёбад.
Аммо ҳукумати Толибон мавзуи гаравгонгирии шаҳрвандони хориҷиро рад кардааст.
Залмай Халилзод, Сафири пешини Амрико дар Афғонистон ва Ироқ бо Амирхон Муттақӣ, Вазири корҳои хориҷии ҳукумат Толибон.
Дар ҳамин ҳол, Толибон хоҳони оддисозии робитаҳо бо Амрико шудаанд. Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ахиран гуфт, ки Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷи онҳо дар мулоқот бо Залмай Халилзод, намояндаи вижаи пешини Амрико барои Афғонистон, дар бораи густариши робитаҳо миёни Афғонистон ва ИМА гуфтугӯ кардааст.
Амирхон Муттақӣ ахиран ҳамчунон хостори сармоягузории Амрико дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, маъдан, зербиноҳо, кишоварзӣ ва тиҷорат дар Афғонистон шудааст.
Ҳукумати Амрико то ҳанӯз ба дархостҳои мақомҳои Толибон барои оддисозии робита бо онҳо посухи мусбат надодааст, аммо Толибон дар беш аз панҷ соли гузашта дастикам шаш шаҳрванди Амрикоро аз боздошт раҳо кардаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико пеш аз ин гуфта буд, ки амрикоиҳои дигаре, аз ҷумла, Маҳмудшоҳ Ҳабибӣ, як шаҳрванди Амрико, ки аслан аз Афғонистон мебошад, дар боздошти Толибон ҳастанд. Аммо ҳукумати Толибон борҳо мавзуи зиндонӣ будани Ҳабибиро рад кардааст.