Ҳусиҳои мавриди ҳимояти Эрон рӯзи 13 сентябр эълон карданд, ки бо мушак ва паҳпод як пойгоҳи низомӣ дар ҷануби Арабистони Саудиро ҳадаф қарор доданд. Ҳамзамон даргирии онҳо бо нерӯҳои давлатии Яман боиси оворагии шумори бештаре аз ғайринизомиён шудааст.
Яҳё Сареъ, сухангӯи артиши ҳусиҳо гуфт, ки дар ин ҳамла анборҳои аслиҳа ва марказҳои фармондеҳии пойгоҳи "Шарура" ҳадаф қарор гирифтанд, аммо замони дақиқи амалиёт ва мизони хисороти эҳтимолиро эълон накард.
Нерӯҳои ҳукуматии Яман низ рӯзи якшанбе мавзеъҳои ҳусиҳоро бо се ҳамлаи ҳавоӣ дар вилояти Таъаз, ҳадаф қарор додаанд. Ҳусиҳо мегӯянд, ҷангандаҳои Арабистони Саудӣ тайи 48 соат 129 ҳамла ба минтақаҳои зери назорати онҳо анҷом додаанд.
Даргириҳо пас аз ҳамлаҳои як ҳафтаи ахири ҳусиҳо ва тасарруфи бахшҳои боқимондаи соҳили Баҳри Сурх ва чанд ҷазираи стратегӣ шиддат гирифтааст. Ин гурӯҳ акнун иддао дорад, ки назорати комил бар соҳилҳои Яман ва тангаи Бобулмандабро дар даст дорад.
Созмони байнулмилалии муҳоҷират мегӯяд, аз моҳи июл то кунун дар Яман 76 ҳазор нафар бар асари даргириҳо овора шудаанд ва ҳудуди 1400 нафар низ ба Ҷибути гурехтаанд. Ба гуфтаи манбаъҳои ду тараф, дар даргириҳои ахири Яман беш аз 500 нафар ҷон бохтаанд.