Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 11-уми сентябр хабар дод, ки аввалин нишасти раҳбарони ин кишвар ва Осиёи Марказӣ ҳафтаи оянда ва рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Сеул баргузор мегардад.
Расонаҳои ин кишвар хабар додаанд, ки раисиҷумҳур Ли Ҷэ Мён пеш аз оғози ин нишасти шашҷониба, силсилаи мулоқотҳои дуҷонибаро бо раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон анҷом хоҳад дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ, ин аввалин нишасти раҳбарони минтақа ва Сеул мешавад. Муколама миёни ду тараф аз соли 2007 дар қолаби Форуми ҳамкориҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ дар сатҳи вазирон ҷараён дошт ва акнун ин раванд ба сатҳи раҳбарони кишварҳо бардошта мешавад.
Дар назар аст, ки дар анҷоми нишаст, «Эъломияи Сеул» қабул шавад, ки чаҳорчӯби ҳамкориҳои дарозмуддатро муайян мекунад. Рӯзи ҷумъа зимни мулоқот бо мушовиронаш Ли Ҷэ Мён ба имкониятҳои густурдаи панҷ кишвари минтақа таъкид кардааст. Ӯ гуфтааст: «Осиёи Марказӣ дорои захираҳои фаровони энержӣ ва маъданҳои нодир ва имконоти бузург аст.»
Ба навиштаи расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ, пеш аз оғози нишасти асосӣ, Ли Ҷэ Мён рӯзи душанбе бо раисиҷумҳури Ӯзбекистон ва рӯзи сешанбе бо раҳбарони Туркманистон ва Қазоқистон мулоқот мекунад. Рӯзи чоршанбе, пеш аз оғози нишасти шашҷониба дар нимаи дувуми рӯз, суҳбати ӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раисиҷумҳури Қирғизистон дар назар аст. Ба гуфтаи ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ, раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон бо сафари давлатӣ ва президентони Тоҷикистон ва Қирғизистон бо сафари расмӣ ба Сеул меоянд.
Пас аз хатми нишаст дар рӯзи чоршанбе, шаш раҳбар дар нишасти тиҷоратии Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ бо ҳузури 500 намояндаи ҳукуматӣ ва ширкатҳои хусусӣ ҳузур хоҳанд дошт. Тоҷикистон яке аз муштариёни таҷҳизоти электронӣ, ба мисли яхдону телевизион ва телефонҳои Самсунги Кореяи Ҷанубӣ аст, вале ба Корея асосан ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёр содир мекунад.
Чанде пеш мақомоти расмӣ гуфтанд, ки Кореяи Ҷанубӣ барои омӯзиш ва таҳияи тарҳи нахустин метро дар шаҳри Душанбе 200 000 доллар ихтисос додааст. Дар Душанбе ҳамчунин Марказҳои омӯзиши забони кореягӣ амал мекунанд ва барои донишҷӯёни тоҷик бурсияҳои ройгони таҳсил дар Корея дастрасанд. Байни ду тараф ҳамчунин дар мавриди муҳоҷирати кории тоҷикон ба Кореяи Ҷанубӣ мувофиқа ҳосил шудааст.