Афғонистон, кишвари ҳамзабон ва ҳамсояи Тоҷикистон оғозгоҳи ҳамлаҳои 11 сентябр ба ИМА дониста мешавад. Бисту панҷ сол баъд аз он воқеаҳо Афғонистон як давраи комилро чархид ва боз ба ҳамин нуқтаи аввал баргашт. Афроде бо номи толиб дубора ҳоким шуд ва кишвар аз нав ба пойгоҳи амни Ал-Қоида табдил ёфт.
Алҳол чунин гардиши таърих боиси ҳамлаҳои нави террористӣ дар пойтахтҳои Ғарб нашудааст, чӣ монад ба зарбаҳои шабеҳи 11 сентябр ба Амрико, ки дар қаламрави Афғонистон тарҳрезӣ шуда буданд.
Аммо мақомоти собиқи низомӣ, дипломатӣ ва иктишофӣ, инчунин коршиносони минтақаӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯйи ин “оромӣ” назарҳои гунoгун доранд. Бархе далел меоранд, ки вазъ назар ба он давра аз реша дигар аст, дигарон ҳушдор медиҳанд, ки таҳдидҳои нав шабеҳи “бомби соатӣ” ҳастанд.
Пас аз 11 сентябр, Вашингтон як иттиҳоди нерӯҳои зидди Толибонро таъсис дод, то ин гуруҳро аз қудрат дур ва раҳбарони Ал-Қоидаро нобуд кунад. Аммо ин нақша ба ҷанги 20-сола бо талафоти бузурги молӣ ва инсонӣ табдил ёфт.
Дар соли 2020, дар давраи аввали раёсатҷумҳурии Доналд Трамп созишномае бо Толибон имзо шуд, ки тибқи он нерӯҳои байналмилалӣ ақибнишинӣ мекунанд ва Толибон "ба ҳеҷ як аъзои худ, дигар афрод ё гурӯҳҳо, аз ҷумла Ал-Қоида, иҷозат намедиҳанд, ки аз хоки Афғонистон барои таҳдид ба амнияти Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш истифода баранд". Тибқи ин созишнома, Толибон инчунин уҳдадор шуданд, ки ба "ҷалб, омӯзиш ва ҷамъоварии маблағ" аз ҷониби чунин гурӯҳҳо ё афрод иҷозат надиҳанд.
Бозгашти Ал-Қоида
Хуруҷ оқибат дар соли 2021, дар давраи президенти Ҷо Байден, сурат гирифт. Аз он вақт гирифта, нозирони зиёди таҳримоти Созмони Милали Муттаҳид бозгашти аъзои Ал-Қоида ба Афғонистонро сабт кардаанд.
Дар яке аз чунин гузоришҳо, ки моҳи декабри соли 2025 нашр шуда буд, Афғонистон "ватани рамзӣ"-и ин гурӯҳ тавсиф шуда, "муносибатҳои шахсӣ ва хешутаборӣ" дар байни аъзои Ал-Қоида ва Толибон ба қайд гирифта шудааст.
Дипломати собиқи амрикоӣ Энни Форзаймер ба Радиои Озодӣ гуфт, Афғонистон "кайҳост ба террористоне паноҳ медиҳад, ки нақшаҳои байналмилалӣ доранд. Суоли навбатӣ ин аст, ки оё онҳо ин тарҳҳоро амалӣ хоҳанд кард ё не. Вале оё Афғонистон як чархи комил зада, боз ба ҳолати пеш аз 11 сентябр расид? Бале, расид."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Оё Афғонистон ҳоло ҳам паноҳгоҳи террористон аст?
Форзаймер дар солҳои 2017-18 ҷонишини раиси намояндагии ИМА ва ду соли баъдаш сарпарасти муовини вазири корҳои хориҷӣ дар умури Афғонистон буд. Вай мегӯяд, аз ин ҷо ба зидди ҷаҳон таҳдидҳои рӯйросту пинҳонро мебинад, зеро Ал-Қоида дар ин ҷо бо назардошти таъоихи гузаштааш, хеле қавӣ аст.
«Ин хеле мантиқист, ки Толибон мегӯянд, онҳо метавонанд ҳар касеро, ки хоҳанд, ҷой диҳанд ва онҳо, тибқи сиёсати худ, гуруҳҳоеро ҷой медиҳанд, ки ҳамназарашон ҳастанд ва каме аз дахолат ба дигар давлатҳо худдорӣ мекунанд, зеро онҳо медонанд, ки кишварҳои ҳамсояашон дар Осиёи Марказӣ осебпазириҳои муайяне доранд ва ба манфиати Толибон аст, ки минбаъд низ одамонеро паноҳ диҳанд, ки метавонанд бо истифода аз таҳдиди онҳо ин кишварҳоро ром нигоҳ доранд», мегӯяд Форзаймер.
Генерал Эй Ар Макмастер, ки дар солҳои 2017-18 мушовири амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида буд, низ бар ин аст, ки аз Толибон садоқат хостан як навъ худфиребист.
“Онҳо як созмони террористиянд,” гуфт ӯ. “Коре, ки мо бояд кунем, суст кардани ҳукумати террорист дар Афғонистон аст”.
Ба таъкиди ҳарду, Форзаймер ва Макмастер, Ал-Қоида ягона гурӯҳи хатарноке нест, ки дар Афғонистон бо дастгирии Толибон фаъолият мекунад. Воқеан гузоришҳои СММ инчунин қайд кардаанд, ки чӣ гуна Ал-Қоида бо гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон (TTP) барои анҷом додани ҳамлаҳои фаромарзӣ дар Покистон ҳамкорӣ кардааст. Ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ низ дар Афғонистон ҳузур доранд ва ҳамлаҳоро дар он ҷо ва дар Покистон анҷом додаанд.
Колин Кларк, мудири иҷроияи Маркази Суфан, як маҳфили коршиносии амниятӣ дар Ню Йорк ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Афғонистон "ошпазхона"-и гурӯҳҳоест, ки ба "бомбаи соатӣ монанданд".
«Хотираҳои зиндаи 11 сентябр»
Аммо коршиносони дигар ба эҳтиёт фаро мехонанд. Аз замони 11 сентябр ва ҳам дубора ҳоким шудани толибҳо дар Афғонистон дигаргуниҳои зиёде рух додаанд. Ин гурӯҳ бисёр талош дорад, бо ҷаҳон ҳамкорӣ кунад. Ба наздикӣ як ҳайати он барои мулоқот бо Иттиҳоди Аврупо ба Брюссел омад. Русия онҳоро ҳукумати қонунӣ медонад.
Бо вуҷуди бархӯрди сарди Ғарб ба толибҳо бинобар нақзи шадиди ҳуқуқи занон ва поймолшавии умумии ҳуқуқи башар аз ҷониби Толибон, баъзе коршиносон бар инанд, ки сарони толиб гурӯҳҳое ба монанди Ал-Қоидаро аз гузашта дида, сахттар назорат мекунад.
“Як фарқи ҷиддии ҳоло ва давраи пеш аз 11 сентябр дар он аст, Толибон таҷрибаи ҳодисаи 11 сентябр ва пайомадҳои онро аз сар гузаронидаанд ва аз ин рӯ ман бояд бовар кунам, онҳо аъмоли аъзои Ал-Қоидарор хеле бодиққат назорат мекунанд," мегӯяд Ҷонатан Шруден, сармутахассиси пажӯҳишгоҳи CAN, як маркази таҳлилӣ дар Вашингтон.
Шруден, ки навиштани китоберо аз таърихи амалиётҳои зиддитеррористии ИМА дар Афғонистон ба поён мерасонад, гуфт, ки ин кишвар ҳоло ҷойгоҳи асосӣ надорад.
Вай мегӯяд, «бадтарин шохаҳои Ал-Қоида ҳоло дар Африқоянд, хоҳ Аш-Шабоб бошад, хоҳ гурӯҳҳои гуногуни Африқои Ғарбӣ, ки ба Ал-Қоида шариканд. Инҳо фаъолтарин ва хашинтарин дастаҳоянд», - гуфт Шруден ба Радиои Озодӣ.
Дар охирин Стратегияи зиддитеррористии ИМА, ки моҳи май нашр шудааст, таҳдидҳо аз ин ва дигар минтақаҳои ҷуғрофӣ таъкид шудаанд ва назари Шруден бобати Афғонистон ягона нест.
Картер Малкасиён, собиқ ёвари махсуси сардори Ситоди муштараки неруҳои мусаллаҳи ИМА, ки ҳоло дар Коллеҷи миллии ҷанг дарс медиҳад, ба наздикӣ дар Foreign Affairs навишт, ки "набудани терроризм" пас аз панҷ соли ҳукмронии Толибон нишонаи тағйири вазъ дар Афғонистон аст.
Малкасиён, ки солҳои 2009-11 дар вилояти Ҳилманд корманди сиёсӣ буд, гузориши Созмони Милалро зери суол бурд ва гуфт, ки барои исботи фаъолиятҳои Ал-Қоида дар қаламрави Афғонистон "далелҳои кам вуҷуд доранд”, аммо эътироф кард, ки маълумоти иктишофӣ норушан аст.