AI:Ҷалби хориҷиҳо аз сӯи Русия барои ҷанг "қочоқи инсон" аст

Боздошти хориҷиҳо дар Донетск аз сӯи нерӯҳои Украина. Акс аз бойгонӣ.

Созмони Афви Байналмилал ё Amnesty International эълон кард, Русия барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷанги Украина, дар мавридҳое аз фиреб, зӯр ва ваъдаҳои дурӯғин истифода карда ва ин раванд дар бисёре аз ҳолатҳои "намунаи қочоқи инсон" аст.

Ин созмони мудофеи ҳуқуқи башар дар гузорише, ки рӯзи 10 сентябр нашр шуд, эълон кард, бо беш аз 12 шаҳрванди хориҷӣ аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла, Колумбия, Куба, Миср, Сомали, Африқои Ҷанубӣ, ки дар ду урдугоҳи асирони ҷангӣ дар Украина нигаҳдорӣ мешуданд, мусоҳиба кардааст.

Ба гуфтаи созмони Афви Байналмилал, танҳо се нафар аз мусоҳибашудагон ҳангоми имзои қарордод медонистанд, ки қарор аст барои ҷангидан дар Украина фиристода шаванд.

Бархеи дигар гуфтаанд, бо ваъдаи маоши баланд, подош ва ҳатто имкони дарёфти шаҳрвандии Русия ҷалб шудаанд, аммо ин ваъдаҳо ба таври комил амалӣ нашудааст.

Асирони ҷангӣ аз Бразилия ва Шриланка низ гуфтаанд, пас аз имзои қарордод, гузарномаҳо ва телефонҳои ҳамроҳашон гирифта шуд ва қарордодҳо фақат ба забони русӣ будааст. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, пеш аз фиристодан ба ҷабҳаҳои ҷанг, танҳо ду ҳафта омӯзиши низомӣ дидаанд.

Агнес Калламард, дабири кулли созмони Афви Байналмилал гуфт, мизони "истисмор ва иҷбор" дар ин мавридҳо боис шудааст, ин созмон натиҷа бигирад, ки бисёре аз онҳо бар асоси санадҳои ин созмон, намуна ва гувоҳи қочоқи инсон аст.

Афви Байналмилал гуфтааст. бинобар мамнуъ шудани фаъолиятҳои ин созмони мудофеи ҳуқуқи башар дар Русия аз моҳи майи соли 2025, имкони анҷоми таҳқиқ дар дохили ин кишварро надоштааст.