Додгоҳи шаҳри Бишкек ҳукми чанде аз мансабдорони собиқи Қирғизистон аз ҷумла ҳукми зиндони шартии Қамчибек Тошиев, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии ин кишварро сабуктар кардааст.
Дар мурофиаи паси дарҳои баста дар рӯзи 10-уми сентябр додгоҳи шаҳрӣ ҳукми тамоми 8 муттаҳамон ба “омодагӣ барои ғасби ҳукумат”- ро тағйир дода ва онҳоро ба ду солии зиндони шартӣ маҳкум кардааст.
Дар ин парванда бар иловаи Қамчибек Тошиев, номи Қурмонбек Зулушев, додситони собиқи кулл, Нурланбек Турғунбекулу, раиси собиқи порлумон, Курсан Асанов, муовини собиқи вазири корҳои дохилӣ, Олӣ Қарашев муовини собиқи нахуствазир ва номи сиёсатмадорони дигар Эмилбек Узакбоев, Бекболот Талгарбеков ва Қурмонбек Диканбоев низ ҳаст.
Ду моҳ пештар аз ин дар рӯзи 2-уми июл додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 8 мансабдори собиқро ба се соли зиндони шартӣ маҳкум карда буд. Қисме аз муттаҳамонро, ки ба сӯистифода аз мақом муттаҳам мешуданд, бегуноҳ эълон карданд.
Додгоҳи шаҳри Бишкек иттиҳоми “омодагӣ ба ғасби ҳукумат аз роҳи зӯр”-ро беасос дониста, онҳоро ба “монеъ шудан истифода аз ҳаққи раъйдиҳӣ” гунаҳкор донистааст. Дар бораи тағйири ҳукм вакилони дифои муттаҳамон ба ҷиноят хабар доданд.
Ҷомарт Ашӯрбоев, вакили дифои Қурмонқул Зулушев, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ҳукм ба Додгоҳи олии Қирғизистон шикоят мебаранд. Додситонии кулл рӯзи 3-уми август аз додгоҳ тақозо кардааст, ки ҳукми муттаҳамон ба ҷиноятро сахттар ва онҳоро то 9 солӣ аз озодӣ маҳрум кунад.
Вакилони дифоъ исрор меварзанд, ки зерҳимояҳои онҳо ҳеч гуноҳе накардаанд ва ҳукмҳо беэътибор карда шаванд. Ҳамаи ин афрод баъди он ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, ки бо имзои як муроҷиатнома ба раиси ҷумҳур Содир Ҷабборов, хостанд интихоботи зудрас баргузор кунад. Баъди ин теъдоде аз онҳое, ки зери муроҷиатнома имзо гузошта буданд, ба омодагӣ барои ғасби ҳукумат муттаҳам ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.