Як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудааст

Як сокини 40-солаи Бадахшон ва падари ду фарзанд, ки ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия пайваста ба ҷанги Украина рафтааст, дар ҷараёни даргириҳо кушта шудааст.

Айни замон тобути Ҳабиб Мамаднодирхонов дар шаҳри Ростови Русия қарор доштааст ва хешовандонаш мунтазири интиқоли ҷасад ба шаҳри Хоруғ будаанд. Дар ин бора яке аз наздиконаш рӯзи 9-уми сентябр ба Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, ки Ҳабиб Мамаднодирхонов 23 сол пеш ба Русия муҳоҷират карда буд ва чанд моҳ қабл ба ҷанги Украина рафт.

Ӯ афзуд, намедонад, ки Ҳабиб Мамаднодирхонов кай кушта шудааст, вале фақат аз ин огаҳ аст, ки мақомоти Русия ба хонаводааш занг зада аз марги ӯ хабар додаанд. Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, хабар надорад, ки ӯ дар кадом минтақаи Украина ва чӣ гуна кушта шудааст.

Ду мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ гуфтанд, Ҳабиб шаш моҳ пеш бо нерӯҳои мусаллаҳи Русия қарордод бастааст ва дар як воҳиди низомӣ дар қаламрави Украина хидмат мекард. Ба қавли мусоҳибони мо, интизор меравад, тобути ӯро рӯзҳои наздик ба зодгоҳаш шаҳри Хоруғ барои дафн биёранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дар ҷанги бегона. Рӯйхати ҷонбохтагони ҷанги Украина, ки ба Тоҷикистон нисбат дода мешаванд

Пойгоҳи хабарии “Памир инсайд” дар Фейсбук низ бо такя ба манобеи худ аз марги Ҳабиб Мамаднодирхонов хабар додааст. Айни замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои зодагони Бадахшони Тоҷикистон хабари марги панҷ сокини вилоят дар ҷанги Украина мечархад, вале ному насаби онҳо зикр карда нашудааст.

То кунун садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки теъдоде аз онҳо тобеияти Русияро ҳам доштаанд, дар ҷанги Украина кушта шудаанд. Танҳо дар моҳи декабри соли 2025 ва январи имсол чаҳор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шуданд. Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар он рӯзҳо гуфтанд, ки ду нафари онҳо аз боздоштгоҳу зиндон ва яке дигарро бо ваъдаи додани ҳаққи иқомат ва ё шиносномаи русӣ ба ҷанг бурдаанд.

Як пойгоҳи хабарии давлатии Украина то ҳол номи бештар аз 450 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр кардааст, дар ҷанги Русия ба зидди Украина кушта шудаанд. Дар феҳристи тарҳи "Зистан мехоҳам", ки моҳи октябри соли гузашта нашр шуд, ному насаб ва солу моҳи таваллуд ва рӯзи кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон зикр шудааст. Дар ин феҳраст дида мешавад, ки ҷавонтарини онҳо, Суҳайлӣ Каримов 19-сола будааст.

Қонунҳои Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сахт таъйин кардаанд, вале мақомот мегӯянд, нисбат ба касе барои ширкат дар ҷанги Украина парвандаи ҷиноятӣ боз накардаанд.