Ҳаракати хокбориш ба самти Тоҷикистон ва ҳушдор аз он

Хокбориш дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд шудааст ва мутахассисон як сабаби онро тағйири иқлим меноманд.

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон аз ҳаракати хокбориш ба самти кишвар ва олудагии эҳтимолии ҳавои кишвар ҳушдор додааст.

Дар огаҳии расмие, ки ҳавошиносон дар вебсайти худ нашр кардаанд, омадааст, “Нимаи дуюми рӯзи 11 сентябр то 13 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе бинобар хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ ба кишвар ворид мегардад, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳаво... дар назар аст.”

Ҳавошиносони тоҷик ба мардум ҳушдор додаанд, ки дар ин рӯзҳо аз сайругашти зиёд, бахусус дар маҳаллаҳои пур аз мошин худдорӣ кунанд ва дар хона бимонанд. Табибони тоҷик ҳам дар чунин рӯзҳо тавсия медиҳанд, ки кӯдакон, наврасон, пиронсолон, занони бордор, гирифторони бемориҳои роҳҳои нафас бе зарурат аз хона набароянд.”

Дар Тоҷикистон хокбориш солҳои ахир зиёдтар шудааст ва ба гуфтаи мақомоти расмӣ танҳо дар соли гузашта 216 рӯз давом кардааст. Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, соли 2025 дар кишвар 63 мавриди олудагии ҳаворо сабт кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 2024 тақрибан як баробар бештар будааст.