Саммити Бишкек бо ҳузури сарони 17 кишвар доир мешавад

Шаҳри Бишкек дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай. 30 август, 2026.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ҳамоиши "СҲШ-+", сарони 17 кишвар ва раҳбарони шуморе аз созмонҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.

Ин нишаст рӯзи 1 сентябр дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон таҳти унвони "СҲШ: Якҷо ба сӯи сулҳи пойдор, рушд ва шукуфоӣ", баргузор мешавад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қирғизистон хабар дод, ки дар ин ҳамоиш Александ Лукашенко, раисҷумҳури Белорус, Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд, Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, Никола Пашинян, нахуствазири Арманистон, Ухнаагийн Хурэлсух, раисҷумҳури Муғулистон, Фор Эссозимна Гнассингбе, раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Того, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, Тхонглун Сисулит, президенти Ҷумҳурии мардумӣ-демократии Лаос, Во Тхи Ан Суан, муовини раисҷумҳури Ҷумҳурии сотсиалистии Ветнам ва Ҳусейн Исо, муовини нахуствазири Ҷумҳурии арабии Миср, иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ, Нурлан Ермекбаев, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Уралбек Шаршеев, мудири Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай, Сергей Лебедев, дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Таалатбек Масадиқов, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳам дар ин ҳамоиш хузур хоҳанд ёфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қирғизистон, сарони кишварҳо дар бораи масоили муҳими байналмилалӣ ва минтақаӣ, самтҳои авлавиятдор барои рушди ин созмон, дурнамои ҳамкориҳо дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, нақлу ҳамл ва боркашонӣ, рақамӣ, муҳити зист ва фарҳангиву башардӯстона гуфтугӯ хоҳанд кард.

Дар поёни ин нишаст, Эъломияи Бишкек ба муносибати 25-солагии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ва ҳамчунин санадҳо ва қарорҳое бо ҳадафи тақвияти ҳарчӣ бештари ҳамкориҳои чандҷониба, имзо хоҳанд шуд.

Дар ҳамоиши васеъи "Созмони ҳамкориҳои Шанхай +", доир ба тақвияти нақши меҳварии Созмони Милали Муттаҳид, ва ҳамчунин густариши ҳамкориҳо табодули афкор сурат мегирад.

Пойтахти Қирғизистон барои бори чаҳорум мизбони нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай хоҳад буд. Аз ин қабл, дар солҳои 2007, 2013 ва 2019 раҳбарони кишварҳои узви ин созмон дар Бишкек ҷамъ омада буданд.

Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамасола як бор доир мешавад.

Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки Чин ва Русия онро ҷойгузине барои НАТО муаррифӣ мекунанд, акнун ба яке аз муҳимтарин бистарҳои ҳамкории кишварҳои ғайри ғарбӣ табдил шудааст.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай як созмони минтақавӣ аст, ки дар соли 2001 таъсис шуд. Русия, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Покистон, Эрон, Узбекистон ва Белорус аъзои аслии ин созмон ҳастанд.

Афғонистон ва Муғулистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мақоми нозирро доранд.