Раҳмон ва Путин дар Бишкек бо ҳам мулоқот мекунанд

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Санкт-Петербург, 22-юми декабри 2025

Рӯзи 1 сентябр дар шаҳри Бишкек мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин баргузор мешавад. Ин мулоқот баъди анҷоми ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) барпо хоҳад шуд, ки қарор аст рӯзи 31 август дар пойтахти Қирғизистон ҷараён гирад.

Дар бораи мулоқоти ду президент ёвари Путин – Юрий Ушаков хабар дод. Ӯ гуфт, баъди он ки ҷаласаи СҲШ ва ҳама чорабиниҳои дигар ба анҷом мерасанд, Путин дар чанд мулоқоти дуҷониба иштирок хоҳад кард ва якеаш бо раҳбари Тоҷикистон аст.

Ушаков нагуфт, ки дар ин дидор чӣ масъалаҳо баррасӣ мешаванд. Бори охир Путин ва Раҳмон нӯҳ моҳ пеш, рӯзи 22 декабри соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд (СНГ) дидор карда буданд ва дар кори он Путин ваъда дод, омилони куштори навраси тоҷик Қобилҷон Алиев ҷазо хоҳанд гирифт.

Маълум нест ҷараёни тафтишот чӣ гуна пеш меравад, вале куштори ин кӯдак як намунаи бераҳмии махсус нисбат ба як кӯдаки муҳоҷирон дониста мешавад.

Мулоқоти Путин ва Раҳмон дар ҳоле барпо мешавад, ки дар Русия аз аввали моҳи сентябр қоидаҳои хеле сахту маҳдудкунандаи қабули муҳоҷирони корӣ ҷорӣ мешавад ва изҳороти муҳоҷирситезонаи сиёсатмадорону намояндагони давлати ин кишвар бештару баландтар садо медиҳанд.

Баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар вилояти Маскав баҳори соли 2024, дар Русия фишор болои муҳоҷирони тоҷик ҳарчи бештар шуда, Думаи давлатӣ даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи фаъолияти коргарони хориҷиро қабул кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вакили мардумии Русия гуфт, тоҷикон “чӣ даркоранд?”