$18 млн. ҷоизаи Амрико барои маълумот дар бораи ду раҳбари ДОИШ

Саноуллоҳ Ғаффорӣ, раҳбари "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, барои маълумоте, ки боис ба боздошти ду раҳбари "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ шавад, 18 миллион доллар ҷоиза хоҳад дод.

Иёлоти Муттаҳида гурӯҳи ДОИШ-ро созмони террористӣ медонад.

Барномаи "Подош барои адолат" рӯзи 25-уми август нашр шуд. Тибқи он, барои маълумот дар бораи Саноуллоҳ Ғаффорӣ, машҳур ба Шаҳоб Ал-Муҳоҷир, раҳбари ҳозираи "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ ҳашт миллион доллар ва барои маълумот дар бораи Убайдуллоҳ, раҳбари дигари ин гурӯҳ, 10 миллион доллар ваъда додаанд.

Убайдуллоҳ, аз раҳбарони "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ.

"Барномаи подош барои адолат" гуфтааст, афроди "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ ҳамлаҳоеро бар ҳамоишҳои эътирозии мардум, маҳалҳои мусиқӣ, майдонҳои ҳавоӣ ва ҷойҳои дигар созмондиҳӣ кардаанд, ки дар натиҷа садҳо ғайринизомии бегуноҳ кушта шудаанд.

Ин барнома Ғаффориро масъули аслии ҳамлаҳои анҷомшуда аз сӯи "Шохаи Хуросон" дар Афғонистон ва Убайдуллоро масъули умури молӣ ва амалиётии ин гурӯҳ хондааст.

Дар беш аз панҷ соли ҳукумати Толибон бар Афғонистон, "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ масъулияти бисёре аз хунинтарин ҳамлаҳоро дар чандин вилояти Афғонистон, аз ҷумла шаҳри Кобул, бар уҳда гирифтааст.