Муҳаммадиқболи Садриддинро дар Русия ба зиндон маҳкум карданд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як мунаққиди тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистонро дар Русия ба 21 сол зиндон маҳкум карда, ба ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ додаанд. Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи "Ислоҳ", ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Додгоҳи Маскав дар ғайбаш содир шуда, ба суҳбатҳои ӯ дар бораи ҷанги Русия дар Украина пайванд дорад.