Дар Украина як филми тасвирии русиро манъ мекунанд

Қаблан панҷоҳ вакили порлумони Бритониё хоста буданд, ки филми тасвирии “Маша ва Хирс” (Маша и Медвед), сохтаи Русия, ки дар Тоҷикистон ҳам зиёд мебинанд, аз пойгоҳҳои пахши онлайн бардошта шавад

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, чор фармонеро имзо гузошт, ки бар асоси он қарори Шӯрои амният ва мудофеаи миллии кишвараш дар бораи таҳримҳо нисбат ба Русия ба иҷро медарояд.

Аз ҷумла, нисбат ба студияи "Анимаккорд" маҳдудиятҳо ҷорӣ хоҳад шуд. Ин студия муаллифи филми тасвирии "Маша ва Хирс" (Маша и Медвед) мебошад.

Раҳбари кул, бунёдгузор ва муаллифону таҳиягарони ин филми тасвирӣ ҳам таҳрим шуданд.

Дар хабар омадааст, филми "Маша ва Хирс" (Маша и Медвед) дар паси пардаи афсонаи кӯдакона бо таблиғи Русия машғул шуда, аз ин ҷиҳат ба амнияти миллии Украина таҳдид дониста мешавад. Бар асоси ин қарор, намоиши ин филми тасвириро дар қаламрави Украина манъ мекунанд.

Аз ин пеш, моҳи июл, як гурӯҳ аз вакилони порлумони Бритониё дар як номаи боз аз вазири фарҳанг Лиза Ненди хостанд, ки филми тасвирии "Маша ва Хирс" (Маша и Медвед) аз ҳама пойгоҳҳои пахши онлайн пок карда шавад.

Дар ин нома гуфта шуд, ки баъзе аз кору ҳаракатҳои Маша "мазмуни таблиғотӣ" дорад. Ба унвони мисол, ӯ дар як саҳна бо кӯлоҳи тонкрон ва дар дигаре бо кӯлоҳи монанд ба маъмури амнияти даврони шӯравӣ дида мешавад.

Студияи "Анимаккорд" ин иттиҳомҳоро рад кард. Намояндаи он Мелани Бонвичино ин ҳамаро "туҳмат ва таҳқир" номида, гуфт, ин ширкат ҳеч гоҳ аз давлати Русия пул нагирифтааст.