Боздошти чеҳраҳои барҷастаи саноати паҳподи Русия ва гарм шудани баҳси фасод дар замони ҷанг

Намунае аз паҳподи Vampire-и украинӣ, ки Русия ҳанӯз муваффақ ба сохтани он нашудааст.

Ду парвандаи пурсару садо дар саноати паҳподии Русия, ки дар ҳар дуи онҳо пойи маҳсулоте дар миён аст, ки пештар ба Владимир Путин муаррифӣ шуда буданд, баҳс дар бораи фасод дар саноати низомии ин кишварро бори дигар гарм кардааст.

Дар тозатарин маврид, ду мудири ширкати "Drone Solutions" рӯзи 8 мавгуст боздошт шуданд. Ин ҳодиса камтар аз ду моҳ пас аз боздошти Валерий Кустов, миллиардери рус ва молики як ширкати бузурги фаъол дар саноати паҳбод, рух додааст.

Ҳар ду парванда бо иттиҳомҳои молӣ ва қаллобӣ иртибот доранд ва ба вижа дар миёни блогерони тарафдори ҷанги Русия бозтоби густурдае пайдо кардааст, чеҳраҳое, ки мегӯянд, фасод ва мудирияти нодуруст аз сабабҳои заъиф шудани тавони низомии Русия дар ҷанги Украина аст.

Ширкати Drone Solutions дар моҳи апрел паҳподе бо номи Aist (Stork) ба маънои "Лак-Лак"-ро ба Владимир Путин муаррифӣ карда буд. Ин ширкат мегуфт, ин паҳбод барои интиқоли таҷҳизоти тиббӣ ва дигар борҳо тарҳрезӣ шудааст.

Аммо ҳоло ҳар ду мудири ин ширкат ба иттиҳоми қаллобӣ рӯбарӯ ҳастанд ва дар сурати маҳкумият, мумкин аст то 10 сол зиндон шаванд.

Ҷузъиёти парванда ҳанӯз рӯшан нест, аммо боздошти ин ду нафар ба суръат вокуниши рақибони фаъол дар саноати паҳподи Русияро дар пай дошт.

Дмитрий Третяков, мудири ширкате, ки иддао мекунад нахустин паҳподи Русия муҷаҳҳаз ба ҳуши маснуии дохилиро сохтааст, пас аз ин боздоштҳо навишт, ки саноати ҳавонавардии бидуни сарнишини Русия "пур аз афроде аст, ки ҳеч таҷрибае дар ҳавонавардӣ надоранд".

Ӯ афзуд, мушкили аслии ин саноат, "ғайрикасбӣ, дуруғгӯӣ ва намоишкории касоне аст, ки онро идора мекунанд".

"АЗ КОРХОНАИ МАЙОНЕЗ ТО САНОАТИ ПАҲПОД"

Парвандаи дувум ба Валерий Кустов рабт мегирад. Тоҷире, ки пеш аз вуруд ба саноати паҳпод бештар ба далели фаъолият дар тавлиди майонез шинохта мешуд.

Ӯ дар соли 2023 ширкати "Ҳамлу нақли оянда"-ро дар шаҳри Толятти, яке аз марказҳои аслии мошинбарории Русия, ки дар ҳудуди 800-километрии Маскав ҷойгир аст, роҳандозӣ кард.

Вебсайти ин ширкат ҳанӯз аксҳои боздиди Владимир Путин аз корхона дар моҳи январи соли 2025-ро дар сафҳаи аслии худ дорад. Путин дар ин дидор гуфта буд, Русия бояд то соли 2030 ба яке аз пешгомони ҷаҳон дар навовариҳои паҳподӣ табдил шавад.

Аммо мақоҳои додгоҳӣ акнун мегӯянд, ширкати Кустов паҳподҳои сохти Чинро харидорӣ ва онро ҳамчун маҳсулоти сохти Русия муаррифӣ мекардааст.

Кустов ба азхудкунии будҷаи давлатӣ, ки барои амалӣ ва рушд ҷудо шудааст, муттаҳам мебошад. Чанд мудири баландпояи ширкат низ таҳти пайгард қарор гирифтаанд. Додситонҳо мегӯянд, зиёни воридшуда ба будҷаи давлат дар ин парванда ҳудуди 105 миллион доллар будааст.

Блогерони пуштибони ҷанги Русия ҳатто иддао кардаанд, Кустов аз ҳар паҳподе, ки аз Чин харидорӣ ва сипас ба Вазорати дифои Русия мефурӯхт, ҳудуди 83 ҳазор доллар фоида ба даст меовард.

ҲОМИЁНИ ҶАНГ, ХАШМГИН АЗ ФАСОД

Иван Филиппов, рӯзноманигори рус, ки дар табъид ба сар мебарад ва телеграмканалҳои тарафдори Кремл ва ҷангро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, мубориза бо фасод, ба яке аз мавзӯъҳои аслии ин гурӯҳ аз блогерон табдил шудааст.

Ӯ ба шабакаи "Current Time" дар Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ гуфт, "бузургтарин муборизон бо фасод дар Русия, имрӯз блогерҳои ҳомии ҷанг ҳастанд. Онҳо мӯътақиданд, Русия ба далели фасод дар ҳоли бохтани ҷанг аст".

Бо ин ҳол, интиқод аз фасод ё наҳваи идораи ҷанг барои бархе аз ин чеҳраҳо бедардисар набудааст. Шуморе аз блогерҳои машҳур, ки аз ҳамлаи Русия ба Украина ҳимоят мекунанд, пас аз гузориш дар бораи фасод дар нерӯҳои мусаллаҳ, бо интиқод аз амалкарди фармондеҳон боздошт шудаанд.

Филиппов мегӯяд, нашри ҳар хабари нав дар бораи фасод, ба вижа дар артиш, харидҳои давлатӣ ва саноати дифоӣ, вокуниши бисёр тунди ин гурӯҳро бармеангезад.

РАҚОБАТҲОИ ПАҲБОДӢ БО УКРАИНА

Паҳподҳо дар ҷараёни ҷанги Украина ба яке аз муҳимтарин абзорҳои низомии ду тараф табдил шудаанд.

Русия дар марҳилаҳои аввали ҷанг аз назари бархе фановариҳои паҳподӣ аз Украина ақибтар буд ва барои ҷуброни ин фосила, ҳазорон паҳподи "Шоҳид" ва фановариҳои муртабит ба онро аз Эрон дарёфт кардааст. Маскав сипас тавлиди дохилии паҳподро ба таври густурда афзоиш додааст.

Паҳподҳои имрӯзаи русӣ ба таври муназзам шаҳрҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва воҳиди Rubicon-и артиши Русия, ки дар тавсеа ва хариди фановариҳои нави паҳподӣ фаъолият дорад, хисороти қобили таваҷҷуҳе ба нерӯҳои украинӣ ворид кардааст.

Бо ин ҳама, мунтақидон ва ҳатто бархе пуштибонҳои ҷанг дар Русия ба ин боваранд, ки Украина ҳамчунон дар бахшҳое аз фановариҳои паҳподӣ бартарӣ дорад.

Яке аз намунаҳое, ки дар баҳси парвандаи Кустов матраҳ шудааст, талоши номуваффақи ширкати ӯ барои сохти намунаи русӣ аз паҳподҳои Vampire-и Украина аст.

Сарбозони русӣ ин паҳподҳои бузурги украиниро "Baba Yaga" меноманд, ки номи ҷодугарӣ дар афсонаҳои славянӣ аст.

Ба гуфтаи Вазорати дифои Украина, паҳподи Vampire тавони бардошти 15-килограмӣ то масофаи 20 киломерро дорад ва аз муқовимати боло дар баробари ҷанги электронӣ ва дурбини муносиби амалиёти рӯз ва шаб бархӯрдор аст.

Алексей Чадаев, аз таҳлилгарони пуштибони ҷанги Русия, дар бораи талошҳои ширкати Кустов барои сохтани намунаи монанд навишт, "агар ин паҳпод хуб парвоз мекард, артиши Русия метавонист "Baba Yaga"-и худашро ба таври зиёд тавлид кунад. Аммо парвоз накард".

Андрей Белоусов, вазири дифои Русия низ дар ҷаласае дар моҳи июн арзёбиҳои мусбате аз ин маҳсулот надошт ва ба Путин гуфт, ки ин паҳпод "маҳсули чандон босифате нест".