Сабаби қатъи саросари барқ дар бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз кор мондани фаъолияти ду чархаи нерӯгоҳи барқӣ-обии "Токтогул" дар Қирғизистон будааст.
Нимаи дувуми рӯзи 14 август нерӯи барқ барои наздик ба се соат дар бисёре аз минтақаҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон қатъ шуд. Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон дар пайи ин ҳодиса, садама дар нерӯгоҳи "Норак"-ро, ки манбаи асосии таъмини барқ дар кишвар мебошад, рад кард ва гуфт, мутахассисон сабабро месанҷанд.
Ин вазорат рӯзи 15 август сабаби асосии ин ҳодисаро, қатъ гардидани фаъолияти ду чархаи нерӯгоҳи "Токтогул"-и Қирғизистон бо иқтидори умумии 600 МВт, гуфт.
Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон пас аз таҳқиқи сабабҳои садама бо нашри як хабарнома гуфт, дар натиҷа, сарбории чархаҳои аз кор бозмонда ба хати интиқоли барқи 500 кВ-и самти шимол–ҷануби Қазоқистон гузашт ва ин афзоиш боиси ба таври худкор ё автоматикӣ хомӯш гардидани хатҳои интиқоли барқи 500 кВ ва дар пайи он, халалдори шудани кори Низоми ягонаи энержии Осиёи Марказӣ гардид.
Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, ки бо дарназардошти вазъи пешомада, соати 14:43 ба вақти маҳаллӣ, низоми энергетикии кишвар аз ин низоми ягона дар Осиёи Марказӣ ҷудо шуд ва кори як қатор чархаҳо дар нерӯгоҳҳои дохил қатъ гардид, ки боиси қатъи саросарии барқ дар Тоҷикистон шуд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки барқ соати 16:40 қисман ва то соати 19:30 пурра барқарор шуд ва Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дубора пайваст гардид.
Ба иттилои Вазорати энержӣ ва захираҳои об, вазъи пешомада ба таҷҳизоти барқии низоми энержии кишвар ягон зарар нарасонида, онҳо дар ҳолати коршоямӣ боқӣ монданд.
Дар ҳамин ҳол, бархе сокинони кишвар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз шиддати зиёди барқ, телевизонҳояшон аз кор монданд ва чароғҳояшон сӯхтанд.
Дар гузашта баъди рух додани садама дар нерӯгоҳи “Норак” чанд соат саросари Тоҷикистон, ба истиснои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, бе барқ монда буд.