Трамп гуфт, Ҳурмузро "қаламрави Амрико" эълон хоҳад кард. Эрон чӣ гуфт?

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико. 14-уми августи 2026

Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, гуфт, ба зудӣ тангӣ ё оброҳаи муҳими Ҳурмузро, ки тайи моҳҳои охир сабаби ҷанҷоли Вашингтону Теҳрон гаштааст, қаламрави Амрико эълон хоҳад кард.

Ӯ рӯзи 14-уми август дар як суханронияш гуфт, "пас аз он ки кори шикаст додани Эронро ба анҷом расонем; кишваре, ки ба таври бисёр бад дар ҳоли шикаст хӯрдан аст, ба зудӣ тангаи Ҳурмузро ҳамчун қаламрави Иёлоти Муттаҳида эълон хоҳам кард."

Козим Ғарибободӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш гуфтааст, “тангаи Ҳурмуз қаламрави Эрон аст ва хоҳад буд.”

Вай дар саҳифааш дар шабакаи “Х” навишт, “бастани тангаи Ҳурмуз ё иҷозат додан ба рафтуомади озоди киштиҳо дар он, дар ихтиёри Эрон аст ва то замоне ки шароит фароҳам нашавад, муҳосира идома хоҳад дошт.”

Дар рӯзҳои охир раисҷумҳур Доналд Трамп ва мақомҳои дигари амрикоӣ талош кардаанд, ки фишорҳои иқтисодиро бар Эрон бештар кунанд.

То оғози ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон дар моҳи феврали имсол, беш аз 20 дарсади нафт ва гази ҷаҳон аз тангии Ҳурсуз мегузашт. Пас аз он, Эрон ин роҳро амалан бастааст ва фақат интихобан ба баъзе аз киштиҳои борбар иҷозаи гузар медиҳад.

Амрико ва кишварҳои дигар мегӯянд, ки тангии Ҳурмуз як оброҳаи байнулмилал буда, таҳти назорати ҳеч кишваре нест.

Вашингтон ва Теҳрон рӯзи 17-уми июн бо ҳадафи хатми муноқиша ва бозгушоии Ҳурмуз ёддошти тафоҳуми 60-рӯза имзо карда буданд. Аммо ихтилофҳо бар сари маънои шартҳои созишнома боис ба ҳамлаҳои нави ҳар ду тараф ба ҳамдигар шуданд.