"Аз тири силоҳбадастон." Вокуниши расмӣ ба кушта шудани як зан дар Дарвоз

Намое аз шаҳраки Қалъаихумб, маркази ноҳияи Дарвоз

Мақомоти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки Ҷасминаи Ширинҷон (Ятимзода), сокини 21-солаи ноҳияи Дарвоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон "аз тири силоҳбадастон аз Афғонистон" кушта шудааст, аммо аз ягон гурӯҳ ном нагирифтанд.

Дақиқ нест, ҳодисаи рӯзи 13-уми август ногаҳонӣ будааст, ё барқасдона. Аммо ин воқеа дар замоне рӯй додааст, ки дар ноҳияи Нусайи Афғонистон, дар рӯ ба рӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, даргирии нерӯҳои ҳукумати "Толибон" ва афроди як фармондеҳи норозии ин гурӯҳ, Ҷумъахони Фотеҳ, ҷараён дорад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 14-уми август ба ҷониби Афғонистон нота ё ёддошти эътирозӣ фиристодааст.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандони Ҷасминаи Ширинҷон (Ятимзода) изҳори ҳамдардӣ карда, аз мақомоти ноҳияи Дарвоз хостааст, ба онҳо кумак кунанд ва тарбияи кӯдаки хурдсолашро зери назорат гиранд.

Дар бораи кушта шудани Ҷасминаи Ширинҷон, сокини 21-солаи деҳаи Даштак дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, нахуст Радиои Озодӣ хабар дод. Чанд манбаи огоҳ дар ноҳияи Дарвоз ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "ӯ аз шикамаш тир хӯрда, дар роҳ ба сӯйи бемористони марказии ноҳия ҷон дод."

Шарҳи "Толибон", гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон, ҳанӯз дар ин бора дастрас нест. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки тафтиши қазияро оғоз кардаанд, то сабабҳояшро маълум кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як хабарномааш аз 14-уми август, ки нусхаи он дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт, аз ҷониби Афғонистон талаб кардааст, "масъаларо ҷиддӣ дарк карда, дахлнопазирии сарҳади давлатии Тоҷикистонро риоя намояд ва барои пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо чораҳои муассир андешад."

Ҳарчанд вазорат ошкоро нагуфтааст, эҳтимол ишорааш ба парвози чанд чархбол аз Афғонистон дар наздикии ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва суқути яке аз онҳо дар қарибии хати марз аст. Ин лаҳзаҳоро сокинон дар ноҳияи Дарвоз ба навор гирифтаанд ва чанд порчаи он дастраси Радиои Озодӣ низ шуд.

Лаҳзаи суқути чархбол:

Дар як соли охир бар асари он чи мақомоти Тоҷикистон тирандозӣ аз самти Афғонистон гуфтаанд, чанд нафар куштаву захмӣ шудаанд.

Аз ҷумла, шаби 26-уми ноябри соли 2025 дар як ҳамла ба қароргоҳи корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон 3 шаҳрванди Чин кушта шуданд. Рӯзи 30-юми ноябри ҳамон сол дар ҳамла аз самти Афғонистон ду роҳсози чинӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷон бохтанд. Захмиҳо низ буданд.

Навор дар Инстаграм: