Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2025, бозии даври муқаддамотии Лигаи даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2026/27-ро 12-уми август бо тими «Мазия»-и Молдив анҷом медиҳад.
Бозии Регар-ТадАЗ» бо «Мазия» дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Мале соати 15:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад. Ҳарду даста барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот мубориза мебаранд.
Лигаи даъвати AFC-2026/27
Даври муқаддамотӣ
12-уми август (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 15:00 бо вақти Душанбе
«Мазия» (Молдив) - «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон)
Мале, Варзишгоҳи миллӣ
20-уми август дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати Осиё-2026/27 баргузор мешавад.
Дар ин рӯз рақибони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар гурӯҳ муайян хоҳанд шуд. Оғози маросим соати 15:00 бо вақти маҳаллӣ (12:00 бо вақти Душанбе).
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар минтақаи «Ғарб» аз 17-ум то 24-уми октябр ба таври мутамарказ баргузор мегарданд. Макони баргузории мусобиқа баъдтар аз ҷониби AFC эълон мешавад.
Бозии ниҳоии Лигаи даъвати Осиё рӯзи 8-уми майи соли 2027 баргузор хоҳад шуд.