Сафари муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия кам шудааст

Акс аз бойгонӣ.

Сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия дар нимаи аввали соли равон ба таври назаррас кам шудааст.

Нашрияи русии "Ведомости" бо такя ба омори идораи марзбонии Русия навишт, аз моҳи январ то июни имсол 494 ҳазор тоҷикистонӣ бо ҳадафи кор ба Русия ворид шудаанд. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад камтар будааст.

Мақомоти Тоҷикистон омори муҳоҷиронро намегӯянд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон моҳи июли имсол, дар як нишасти матбуотӣ танҳо гуфт, дар нимаи аввали имсол муҳоҷирати кории тоҷикон ба хориҷа 1,7 дарсад кам шуд.

Мақомоти Тоҷикистон аз аввали соли 2025 омори муҳоҷиронро пахш намекунанд. Раиси Оҷонси омор моҳи феврали соли гузашта тасдиқ карда буд, ки шумораи муҳоҷирон ба маълумоти махфӣ табдил ёфтааст. Мақомот далели инро ҳам шарҳ надоданд.

Бино ба омори расмии ҳукумат, соли 2025 аз Тоҷикистон бештар аз 702 ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ ва аксаран ба Русия рафтаанд, ки дар муқоиса ба соли 2024 тақрибан сад ҳазор нафар камтар аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Мақомоти Тоҷикистон боз ҳам омори муҳоҷиронро ошкор накарданд

Семен Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, 11-уми майи имсол дар мусоҳиба бо хабаргузории русии ТАСС гуфт, феълан дар Русия беш аз як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кор мекунанд.

Ба гузориши "Ведомости", дар пайи зиёд шудани маҳдудиятҳо ва рейдҳои сахти пулис, таваҷҷуҳи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба Русия камтар шудааст.

Ин манбаъ менависад, сафари муҳоҷирон аз Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Русия дар қиёс ба нимаи аввали соли гузашта тақрибан 15 дарсад коҳиш ёфтааст.

Баъди ҳамла ба толори "Крокус" дар соли 2024, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар он гунаҳкор карданд, мақомоти Русия назорат аз болои муҳоҷиронро сахтар карданд.

Давоми ду соли ахир мақомоти Русия барои муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳо маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ карданд.

Дар пайи зиёд шудани фишор ва рейду санҷишҳои пулис дар Русия, муҳоҷирони тоҷик талош доранд ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ барои кор раванд.

Ҳар сол ҳазорҳо сокини Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба хориҷа мераванд. Ҳарчанд мақомот пули фиристодаи онҳоро намегӯянд, созмонҳои байнулмилалии молие ба мисли Бонки ҷаҳонӣ эътироф мекунанд, ки пули муҳоҷирон асоси рӯзгузаронии хонаводаҳо дар Тоҷикистон аст.

Навор дар Инстаграм: