Туркия барои интиқоли нафти Ироқ ва Халиҷи Форс роҳҳои нав меҷӯяд

Вазири энержии Туркия бо ишора ба бӯҳрони убур ва мурури киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз гуфт, таҳаввулоти моҳҳои ахир нишон дод, ки ҷаҳон ҳамчунон ба масирҳои ҷойгузин барои интиқоли нафт ниёз дорад ва Анқара дар ҳоли гуфтугӯ бо Ироқ барои тавсеаи масирҳои нави содироти энержӣ аст.

Алпарсалон Байрактар дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиони давлатии TRT гуфт, "Туркия ва Ироқ дар бораи бунёди лӯлаи газ аз марзҳои Силопи ва Хобур то Басра гуфтугӯ мекунанд, то бахше аз нафти Ироқ ва ҳамчунин нафти кишварҳои Халиҷи Форс бе вобастагии комил ба тангаи Ҳурмуз, ба бозорҳои ҷаҳонӣ интиқол ёбад".

Ӯ гуфт, дар марҳилаи аввал, рӯзона 750 ҳазор бушка нафти Ироқ метавонад аз тариқи хати лӯлаи мавҷуди Ироқ-Туркия ба бандари Ҷайҳон мунтақил шавад.

Ба гуфтаи вазири энержии Туркия, зарфияти феълии ин масир як миллиону 500 ҳазор бушка дар рӯз аст ва Туркия пешниҳод додааст, ки бо такмили ин зерсохт ва дарозии то Басра, зарфияти интиқол ба ду то дувуним миллион бушка дар рӯз афзоиш ёбад.

Байрактар афзуд, "рӯзона ҳудуди 20 миллион бушка нафт аз тангаи Ҳурмуз убур мекунад ва идомаи танишҳо дар ин оброҳа, зарурати эҷоди масирҳои ҷойгузин ва мутмаин барои содироти энержиро беш аз пеш ошкор кардааст".

Ӯ афзуд, ин масир метавонад дар оянда илова бар нафти Ироқ, барои содироти нафти Кувайт ва дигар кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс низ мавриди истифода қарор гирад.