Омодагии донишҷӯён ё "маршировка" бахшида ба 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе оғоз шудааст.
Чанд донишҷӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бахши асосии "маршировка" дар Боғи Истиқлоли Душанбе мегузарад. Қарор аст "маршировка"-и донишҷӯён то 9-уми сентябр идома кунад.
Сураҷ Чоршанбезода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қаблан гуфта буд, беш аз сад ҳазор ҷавон дар ин "маршировка" дар шаҳри Душанбе иштирок мекунанд.
Ҷалби ҳазорон нафар барои омодагӣ ба таҷлили иду ҷашнҳои давлатӣ дар гузашта танқидҳоро ба миён оварда буд.
Мунтақидони ин тасмим бовар доранд, ки "маршировка" мероси монда аз даврони шӯравии собиқ аст ва бояд аз он даст кашид.
Аммо вазири пешини маориф баҳсҳои атрофи ин мавзуъро "як чизи хасакӣ" номида, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон "хости ҷавонон" ва "маҳалли шиносоии ошиқон", хонда буд.
Дар ҳамин ҳол, пулиси Душанбе эълон кардааст, ки аз 1-уми август ҳаракат дар баъзе кӯчаҳои пойтахт, аз ҷумла хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аз соати 6 то 11 маҳдуд мешавад.
Вазорати дифои Тоҷикистон ҳам эълон кардааст, ки ба муносибати 35-солагии истиқлол гузашти низомӣ баргузор мешавад.
Тоҷикистон имсол 35-умин солгарди истиқлоли хешро таҷлил мекунад. Ба ин муносибат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузории чорабиниҳо гуногун дар назар гирифта шудааст.
Навор дар Инстаграм: