Забеҳуллоҳ Амирӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги ҳукумати "Толибон" дар вилояти Бадахшони Афғонистон, рӯзи 28-уми июл дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар вулусволӣ ё ноҳияи Баҳорак кушта шудааст.
Як манбаъ дар ҳукумати "Толибон" бо тасдиқи ин хабар ба бахши афғонистонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ин рӯйдод таҳти баррасӣ қарор дорад.
Бар асоси эъломияи фармондеҳии амнияти ҳукумати "Толибон" дар Бадахшон, Амирӣ дар роҳи Баҳорак-Файзобод ҳадафи ҳамлаи ду фарди мусаллаҳи дучархасавор қарор гирифт ва ҷон бохт.
Дар ин эъломия омадааст, яке аз ҳамлаварон дар тирандозии муҳофизони Амирӣ кушта ва ҳамлагари дигар фирор кардааст.
Баъзе аз расонаҳо аз боздошти фарди дувум хабар доданд.
Фармондеҳии амнияти ҳукумати "Толибон" дар Бадахшон гуфтааст, ки ангезаи ҳамла ҳанӯз маълум нест.
Ин ҳамла дар ҳоле рух додааст, ки вилояти Бадахшони Афғонистон дар рӯзҳои охир шоҳиди даргириҳост.
"Ҷабҳаи озодии Афғонистон" гуфтааст, чанд постгоҳи "Толибон"-ро дар ноҳияи Зебок тасарруф карда, ба нерӯҳои "Толибон" талафоти сангине ворид кардааст.