4 медали паҳлавонони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Урдун

Акс аз бойгонӣ.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё байни навҷавонон (Asian Junior Championships Individuals 2026), ки рӯзҳои 18-19-уми июл дар пойтахти Урдун - шаҳри Уммон – доир гардид, 4 медал (як нуқра ва 3 биринҷӣ) гирифт.

Чунонки Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмии худ хабар додааст, дар ин мусобиқаи навҷавонони қораи Осиё 173 ҷудокор (111 писар ва 62 духтар) аз 20 кишвар иштирок карданд.

Ин мусобиқа як марҳилаи муҳими омодагӣ ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонон маҳсуб меёфт.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа ба ҳайати мунтахаби навҷавонони Тоҷикистон 9 нафар шомил буданд, ки дар рақобатҳо байни писарон дар панҷ вазн ҳунарнамоӣ карданд.

Аминҷон Абдуҷалилзода (дар вазни -81 кг) медали нуқра, Ёсин Бобокалонов, Муҳаммадрофеи Ҳабибулло (ҳарду дар вазни -66 кг) ва Ворис Назаров (дар вазни -73 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Икром Шамсов (-60 кг), Муҳаммадин Лоиқов (-73 кг), Ардашери Ҳамза (-90 кг) ҷойи панҷум ва Абдулло Лоиқов (-81 кг) ҷойи ҳафтумро гирифтанд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё байни навҷавонон дар Урдун дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Узбекистон бо касби 15 медал (7 тило, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Қазоқистон бо 12 медал (5 тило, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Ҳиндустон бо касби 7 медал (1 тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи севумро ишғол карданд. Дастаи Тоҷикистон бо касби 4 медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи ҳаштумро гирифт.