Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо ҳукми Додгоҳи олӣ, озод шудааст. Додгоҳ ҳукми худро дар ин бора рӯзи 13 июл содир кардааст.
Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 21 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки раиси пешини фурудгоҳ бо пардохти 2200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 165 ҳазор сомонӣ, озод шуд.
Раиси Додгоҳи олӣ афзуд, Абдуллозода ҳамаи маблағи зиёни молии расонидаашро баргардонидааст.
Мақомот қаблан гуфта буданд, ки Исматулло Абдуллозода 94,3 миллион сомонӣ зарарро ҷуброн карда, бояд боз бештар аз 922 миллион сомонии дигарро баргардонад.
Аз ин пеш Додгоҳи шаҳри Душанбе панҷ мансабдори пешини Фурудгоҳи байнулмилалии Душанберо, ки якҷо бо раиси пешини фурудгоҳ Исматулло Абдулллозода ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, гумонзад буданд, бо пардохти ҷарима озод карда буд.
Исматулло Абдулллозода, ки яке аз наздикони Ҳасан Асадуллозода, бародарарӯси президенти Тоҷикистон ном бурда мешавад, 9 сол раиси Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе буд.
Панҷ мансабдори пешини Фурудгоҳи Душанбе ҳамроҳ бо роҳбари ин муассиса Исматулло Абдуллозода дар моҳи майи соли 2025 боздошт, вале чор моҳ баъд бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист раҳо шуданд.
Парвандаи Исматулло Абдуллозода ва чанде аз зердастони собиқаш баҳсҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Бархе инро як намунаи густардагии фасод дар Тоҷикистон гуфтанд ва бархи дигар аз эҳтимоли беҷазо мондани Абдуллозода бар пояи равобиташ бо оилаи аввали кишвар изҳори нигаронӣ карданд.