Испания бо шикаст додани Аргентина қаҳрамони футболи ҷаҳон шуд

Тими миллии Испания бо шикаст додани мунтахаби Аргентина ба гирифтани медалҳои тилои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика – доир гардид, мушарраф шуд.

Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии FIFA-2026 шаби 20-уми июл дар варзишгоҳи "Метлайф Стэдиум" (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) сурат гирифт. Сардовари ин бозӣ Славко Винчич аз Словения буд.

Замони асосии дидор бидуни гол ба поён расид ва ғолиб дар замони изофа муайян шуд ва мунтахаби Испания бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид. Голи ягонаро дар дақиқаи 106-ум нимҳимоятгари испаниҳо Ферран Торрес ба самар расонд.

Бояд зикр намуд, дар дақиқаи 90+3 нимҳимоятгари аргентиниҳо Энсо Фернандес барои корти дувум аз майдон хориҷ шуд.

Дар марҳалаи ниманиҳоӣ мунтахаби Испания тими Фаронсаро бо ҳисоби 2:0 ва мунтахаби Аргентина тими Англияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буданд.

Мунтахаби Аргентина пас аз шикаст аз Испания.

Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2026 тими миллии Испания зери раҳбарии сармураббӣ Луис де ла Фуэнте ғолиб шуд. Мунтахаби Испания дар таърихи худ бори дувум ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Бори аввал испаниҳо дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 2010 пирӯзӣ ба даст оварда буданд.

Ба дастаи ғолиб Ҷоми қаҳрамонӣ, медалҳои тило супурда шуд. Роҳбари ФИФА Ҷанни Инфантино ва президенти ИМА Доналд Трамп Ҷоми ҷаҳонро ба мунтахаби Испания тақдим карданд.

Аввалин шуда Ҷомро капитан ё сарвони тими миллии Испания, беҳтарин бозигари қаҳрамонии ҷаҳон‑2026 Родриго Силва де Гоис ба дасташ гирифт.

Ба дастаи Аргентина (сармураббиаш Лионел Скалони), ки ҷойи дувумро азони худ кард, медалҳои нуқра сурпурда шуд. Мунтахаби Аргентина, ки қаҳрамони секаратаи ҷаҳон аст, бори охирин соли 2022 дар финал мунтахаби Фаронсаро шикаст дода буд ( 3:3, 4:2 – аз рӯйи пеналти).

Бозӣ барои ҷойи севум дар Ҷоми ҷаҳонии FIFA-2026 байни тимҳои миллии Фаронса ва Англия шаби 19-уми июл дар варзишгоҳи «Хард Рок» (Майами, Флорида, ИМА) доир шуд. Ба дастаи мунтахаби Англия, ки Фаронсаро бо ҳисоби 6:4 мағлуб кард, медалҳои биринҷӣ тақдим гардид.

Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии FIFA-2026 шаби 20-уми июл дар варзишгоҳи "Метлайф Стэдиум" сурат гирифт.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Англия зери раҳбарии Томас Тухел барандаи медалҳои биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон шуд. Дарвоқеъ, инглисҳо пас аз 60 сол медалҳои Ҷоми ҷаҳонии футболро ба даст оварданд.

Фаронсавиҳо бошанд, бо сарварии Дидйе Дешам дар қаҳрамонии ҷаҳон-2026 мақоми чаҳорумро касб карданд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 аз 11-уми июн то 19-уми июл дар се кишвар - ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Канада ва Мексика - баргузор шуда, 104 бозӣ сурат гирифт. Дар мусобиқаи ниҳоӣ 48 даста ширкат кард, ки ин дар муқоиса бо Ҷоми ҷаҳонии солҳои 1998-2022 шонздаҳ даста зиёд буд. Дар марҳалаи гурӯҳӣ дастаҳо ба 12 гурӯҳ тақсим шуда, барои роҳ ёфтан ба плей-офф мубориза бурданд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Килиан Мбаппе (Фаронса) бо 10 гол ҷойи аввалро касб намуд. Лионел Месси (Аргентина) бо 8 гол дар ҷойи дувум қарор гирифт.

Беҳтарин нишонзанҳои қаҳрамонии ҷаҳон-2026:

1. Килиан Мбаппе (Фаронса) — 10 гол (8 бозӣ).
2. Лионел Месси (Аргентина) — 8 (8).
3. Эрлинг Холанд (Норвегия) — 7 (5).
4. Ҷуд Беллингем (Англия) — 7 (8).
5. Усмон Дембеле (Фаронса) — 6 (8).
6. Ҳарри Кейн (Англия) — 6 (8).
7. Микел Ойярсабал (Испания) — 5 (8).
8. Исмоил Сарр (Сенегал) — 4 (4).
9. Хулиан Кинйонес (Мексика) — 4 (5).
10. Винисиус Жуниор (Бразилия) — 4 (5).


Ҳамаи ҳашт дастае, ки ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудааст:

Бразилия (5 бор): 1958, 1962, 1970, 1994, 2002;

Италия (4 бор): 1934, 1938, 1982, 2006;

Олмон (4 бор): 1954, 1974, 1990, 2014;

Аргентина (3 бор): 1978, 1986, 2022;

Уругвай (2 бор): 1930, 1950;

Фаронса (2 бор): 1998, 2018;

Испания (2 бор): 2010, 2026;

Англия (1 бор): 1966.