Бар асоси натиҷаҳои қуръакашӣ дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рақобат хоҳад кард.
Бозиҳои ин гурӯҳ аз 5-ум то 11-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд.
Дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни духтарони то 17-сола дар маҷмуъ 30 даста иштирок мекунад. Тибқи қуръакашӣ дастаҳо ба ҳашт гурӯҳ тақсим шуданд: шаш гурӯҳ аз чаҳордастаӣ ва ду гурӯҳ аз седастаӣ иборатанд.
Ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 танҳо ғолибони гурӯҳҳо роҳхат мегиранд. Чаҳор даста – қаҳрамони феълии мусобиқа Кореяи Шимолӣ, инчунин тимҳои Ҷопон, Австралия ва мизбони марҳалаи ниҳоӣ Чин – аллакай ҳуқуқи иштирок дар қисми ниҳоии мусобиқаро доранд.
Ёдовар мешавем, моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2025 байни дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-сола доир шуда буд. Дар ин мусобиқа тимҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок доштанд.
Дастаи мунтахаби Узбекистон, ки аз ҳама бештар – 7 имтиёз - ба даст овард, ғолиби мусобиқа гардид ва бо Ҷоми қаҳрамонию медалҳои тило мукофотонида шуд.
Тими Эрон бо касби 6 имтиёз соҳиби мақоми дувум ва медалҳои нуқра гардид. Ҷойи севум бо 4 имтиёз насиби мунтахаби Қирғизистон шуд, ки бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт.
Вале дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ҳарсе бозӣ аз тимҳои Қирғизистону Узбекистон бо ҳисоби якхелаи 0:1 ва Эрон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд, бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – қарор гирифт.