Корхонаи махсус барои коркарди батареяи мошинҳои барқӣ

Дар ҳоли ҳозир ҳамаи мошинҳои таксӣ дар Душанбе аз мошинҳои барқӣ иборат аст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки то соли 2028 дар кишвар барои коркарди батареяи мошинҳои барқӣ корхонаи махсус сохта мешавад.

Исфандиёр Шукурзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист 9-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин корхона бояд дар яке аз ноҳияҳои атрофи Душанбе бунёд гардад.

Шукурзода афзуд, онҳо пешниҳод кардаанд, ки то сохтани ин корхона, батареяи мошинҳои барқӣ дар анбори махсусе дар Душанбе ҷамъоварӣ шаванд.

Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, феълан мушкилоти ҷиддии экологӣ бо батареяи мошинҳои барқӣ вуҷуд надорад, вале баъди чанд сол метавонад ин масъала муҳим шавад.

Овардани мошинҳои барқӣ аз хориҷ, бахусус аз Чин ба Тоҷикистон давоми се соли ахир ба таври назаррас зиёд шуд.

Феълан ҳамаи мошинҳои таксӣ дар шаҳри Душанбе аз мошинҳои барқӣ иборат аст. Батареяи ин мошинҳо ва роҳҳо нобуд кардани он қаблан нигаронии ҳомиёни муҳити зистро ба миён оварда буд.