Озодии беш аз ҳазор маҳбус дар Душанбе

Маҳбаси маъруф ба "Якум советский" дар шаҳри Душанбе. 10 июли 2026.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, субҳи 10-уми июл беш аз ҳазор маҳбусро бар асоси қонуни афв аз маҳбаси маъруф ба "Якум советский"-и шаҳри Душанбе озод карданд.

Дар наворҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки наздикони даҳҳо зиндонӣ барои пешвози наздиконашон ба назди зиндон омадаанд.

Мақомот озодии зиндониён аз ин маҳбаси Душанберо шарҳ надодаанд.

Дар маҳбаси маъруф ба "Якум советский" чанд хабарнигору блогери зиндонӣ, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Аҳмади Иброҳим адои ҷазо мекунанд.

Пештар наздиконашон гуфтанд, ки бар асоси қонуни афв се сол аз муҳлати боқимондаи ҳабси ин хабарнигорон кам карда мешавад.

Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, имрӯз, 10 июл аз маҳбасҳои шаҳри Хуҷанд низ шуморе аз зиндониён раҳо шудаанд.

Пеш аз ин, дар рӯзи 6-уми июл 2 ҳазору 979 тан, аз ҷумла тақрибан сесад занро аз зиндонҳои Тоҷикистон озод карда буданд.

Мақомот баръакси дафъаҳои гузашта маросими озодии зиндониёнро бе эълони пешакӣ ва асосан бо ҳузури хабарнигорони давлатӣ гузаронданд.

Қонун дар бораи афв рӯзи 16-уми июн аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо шуд.

Бар асоси он, бояд 18 ҳазор кас аз боздоштгоҳу зиндон ё аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шаванд.