Тимҳои миллии Канада, Бразилия, Парагвай, Марокаш, Норвегия, Фаронса, Мексика, Англия, Белгия ва ИМА, ки дар даври 1/16-ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 рақибонашонро шикаст доданд, ба ҳаштякфинал роҳ ёфтанд.
Дар даври 1/16-ниҳоӣ Канада бар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (1:0), Бразилия бар Ҷопон (2:1), Парагвай бар Олмон (1:1, силсилаи пеналти – 4:3), Марокаш бар Нидерланд (1:1, силсилаи пеналти – 3:2), Норвегия бар Кот-д'Ивуар (2:1), Фаронса бар Шведсия (3:0), Мексика бар Эквадор (2:0), Англия бар ҶД Конго (2:1), Белгия бар Сенегал (3:2, замони асосӣ – 2:2) ва ИМА бар Босния ва Ҳерсеговина (2:0) пирӯз шуданд.
Ҳамакнун дар 1/8 финал Канада бо Марокаш, Бразилия бо Норвегия, Парагвай бо Фаронса, Мексика бо Англия, ИМА бо Белгия рақобат мекунанд.
Бозиҳои 1/16-финалӣ то 4-уми июл идома хоҳанд кард. Бозиҳои 1/8-ниҳоӣ рӯзҳои 4–8-уми июл, чорякниҳоӣ 9–11-уми июл, ниманиҳоӣ 14–15-уми июл ба нақша гирифта шудааст.
Бозии ниҳоӣ 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир мегардад.
Дар 1/16 финал боз шаш бозӣ баргузор шуда, 12 даста вориди рақобат мешаванд (замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе):
3 июл:
0:00. Испания - Австрия (Лос-Анҷелес)
04:00. Португалия- Хорватия (Торонто)
08:00. Швейтсария - Алҷазоир (Ванкувер)
23:00. Австралия - Миср (Даллас)
4 июл:
03:00. Аргентина - Кабо-Верде (Майами)
06:30 Колумбия - Гана (Канзас Сити)
1/8 финал:
4 июл:
22:00. Канада - Марокаш (Хюстон)
5 июл:
02:00. Парагвай - Фаронса (Филаделфия)
6 июл:
01:00. Бразилия - Норвегия (Ню-Йорк)
05:00 Мексика - Англия (Мехико)
7 июл:
00:00. Португалия/Хорватия - Испания/Австрия (Даллас)
05:00. ИМА - Белгия (Сиэтл)
21:00. Аргентина/Кабо-Верде - Австралия/Миср (Атланта)
8 июл:
01:00. Швейтсария/Алҷазоир - Колумбия/Гана (Ванкувер)
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Килиан Мбаппе (Фаронса) ва Лионел Месси (Аргентина) бо шашголӣ пешсафанд. Гарри Кейн (Англия), Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) панҷголӣ, Винисиус Жуниор (Бразилия), Исмоил Сарр (Сенегал) ва Усмон Дембеле (Фаронса) чорголӣ задаанд.