Ҳалокати даҳҳо тан дар ҳамлаҳои Покистон ба Афғонистон

Дафтари Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон тасдиқ кард, ки дар ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба Афғонистон дар шаби якшанбе, дастикам 27 нафар ғайринизомӣ кушта ва 49 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи СММ, дар миёни қурбониён занон ва кӯдакон низ ҳастанд.

Дафтари СММ дар Афғонистон гуфтааст, ки ин омори ибтидоӣ аст ва мумкин аст афзоиш ёбад, зеро шуморе аз захмиён ҳанӯз дар бемористонҳо таҳти муолиҷа қарор доранд.

Ба гуфтаи Дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон, ин ҳамлаҳо шоми якшанбе вилоятҳои Пактиё, Пактико ва Кунарро ҳадаф қарор додааст.

Ҳукумати Толибон эълон кардааст, ки дар ин ҳамлаҳо 36 ғайринизомӣ кушта ва 163 тани дигар захмӣ шудаанд. Аммо Исломобод мегӯяд, ки дар ин ҳамлаҳо 25 фарди мусаллаҳ кушта шудаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон гуфтааст, ки ба ҳамлаҳои пешини Покистон посух дода шуда буд ва ин ҳамла низ бепосух нахоҳанд монд.

Ин ҳамлаҳои хунин дар вилоятҳои Пактиё, Пактико ва Кунар як рӯз пас аз он анҷом шуд, ки дар ҳамла ба яке аз марказҳои нерӯҳои вижаи артиши Покистон дар шаҳри Карочӣ, се низомии покистонӣ кушта шуданд.

Масъулияти он ҳамларо гурӯҳи "Ҷамоат-ул-Аҳрор", ки шохаи ҷудошуда аз Таҳрики Толибони Покистон мебошад, ба ӯҳда гирифтааст.

Исломобод Кобулро муттаҳам мекунад, ки ба гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки дар Покистон ҳамла анҷом медиҳанд, паноҳгоҳ додааст. Аммо ҳукумати Толибон ин иттиҳомро рад карда ва мегӯяд, фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Покистон як масъалаи дохилии он кишвар аст.