Анҷоми даври дувуми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026

Дастаи Хорватия пирӯзии худ бар тими Панамаро ҷашн мегирад.

Даври дувуми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика ҷараён дорад, рӯзҳои 23-24-уми июн бо бозиҳо дар гурӯҳҳои К ва L хотима ёфт.

Дар даври дувум дар гурӯҳи К мунтахаби Португалия тими Узбекистонро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Ду голи португалиҳоро сарвони даста Криштиану Роналду дар дақиқаҳои 6-ум ва 39-ум ба самар расонд. Роналдуи 41-сола аввалин футболбозе шуд, ки дар шаш Ҷоми ҷаҳонӣ гол задааст.

Нуну Мендеш (17) ва Рафаэл Леао (87) якголӣ заданд. Автогол дар дақиқаи 60-ум ба номи дарвозабони мунтахаби Узбекистон Абдувоҳид Неъматов сабт гардид.

Бояд гуфт, пас аз онки ҳисоб 2:0 буд, нимҳимоятгари узбекҳо Азизҷон Ганиев голи зебо зад. Баъди зарбаи ӯ берун аз чаримагоҳ тӯб ба кунчи болои дарвоза ворид гашт, аммо бинобар бозии дағалонаи нимҳимоятгари узбекҳо Аббосбек Файзуллоев муқобили ҳимоятгари португалиҳо Жуан Канселу гол бекор карда шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи К тими миллии Колумбия мунтахаби Ҷумҳурии Демократии Конгоро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро Даниэл Мунйос Мехия дар дақиқаи 76-ум ба самар расонд.

Дар гурӯҳи К мунтахаби Колумбия, ки бо шаш имтиёз ҷойи якумро касб кардааст, ба даври плей-офф роҳ ёфт. Португалия 4 имтиёз, Конго як имтиёз гирифтаанд. Узбекистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Дар даври севум 28-уми июн соати 04:30 бо вақти Душанбе Колумбия бо Португалия ва Конго бо Узбекистон рақобат мекунанд.

Дар даври дувуми рақобатҳои гурӯҳи L мунтахаби Хорватия тими Панамаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голро Анте Будимир дар дақиқаи 54-ум зад. Бозии дигари ин гурӯҳ байни мунтахабҳои Англия ва Гана бо ҳисоби 0:0 ба охир расид.

Дар ҷадвали гурӯҳи L мунтахабҳои Англия ва Гана бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро соҳиб шудаанд. Хорватия бо се имтиёз дар ҷойи севум ва Панама бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор доранд.

Дар даври севум 28-уми июн соати 02:00 бо вақти Душанбе Панама бо Англия ва Хорватия бо Гана рӯбарӯ мешаванд.

Ёдовар мешавем, алъон тимҳои миллии Мексика, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Фаронса, Норвегия, Аргентина ва Колумбия, ки бо шашимтиёзӣ дар гурӯҳҳои худ пешсафанд, ба даври плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфтаанд.

Ба ин тартиб, дар 14 рӯзи мусобиқа 48 бозӣ доир гардид. 34 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт ва 14 дидор бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Дар 48 бозӣ 141 гол зада шуд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Лионел Месси бо 5 гол дар мақоми аввал аст. Ин ҳамлагари аргентинӣ, ки 24-уми июн 39-сола шуд, дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол рекорди нав гузошт.

Вай дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин бо 18 голи задааш ба ҷойи аввал баромада, аз Мирослав Клозеи олмонӣ (16 гол) пеш гузашт. Ба панҷгонаи беҳтаринҳо, инчунин Роналдо (Бразилия, 15), Герд Мюллер (Олмон, 14) ва Килиан Мбаппе (Фаронса, 14) дохиланд.

Дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 пас аз Лионел Месси (5 гол), Килиан Мбаппе (Фаронса), Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) бо чорголӣ, Дениз Ундав (Олмон), Ҷонатан Дэвид (Канада) бо сеголӣ ба панҷгонаи беҳтаринҳо шомиланд.

Натоиҷи бозиҳои марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ва мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо:

Гурӯҳи А

Мексика – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) – 2:0

Кореяи Ҷанубӣ – Ҷумҳурии Чех – 2:1

Мексика – Кореяи Ҷанубӣ – 1:0

Ҷумҳурии Чех – ҶАҶ – 1:1

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Мексика22003-06
2Кореяи Ҷанубӣ21012-23
3Ҷумҳурии Чех20112-31
4Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ20111-31

Гурӯҳи В

Канада - Босния ва Ҳерсеговина – 1:1

Қатар – Швейтсария – 1:1

Канада – Қатар – 6:0

Швейтсария – Босния ва Ҳерсеговина – 4:1

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Канада21107-14
2Швейтсария21105-24
3Босния ва Ҳерсеговина20112-51
4Қатар20111-71

Гурӯҳи С

Бразилия – Марокаш – 1:1

Ҳаити – Шотландия – 0:1

Шотландия – Марокаш – 0:1

Бразилия – Ҳаити – 3:0

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Бразилия21104-14
2Марокаш21102-14
3Шотландия21011-13
4Ҳаити20020-40

Гурӯҳи D

ИМА – Парагвай – 4:1

Австралия – Туркия – 2:0

ИМА – Австралия – 2:0

Туркия – Парагвай – 0:1

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1ИМА22006-16
2Австралия21012-23
3Парагвай21012-43
4Туркия20020-30

Гурӯҳи Е

Кот-д’Ивуар – Эквадор – 1:0

Олмон – Курасао – 7:1

Эквадор – Курасао – 0:0

Олмон - Кот-д’Ивуар – 2:1

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Олмон22009-16
2Кот-д’Ивуар21012-23
3Эквадор20110-11
4Курасао20111-71

Гурӯҳи F

Шведсия – Тунис –5:1

Нидерланд – Ҷопон – 2:2

Нидерланд – Шведсия – 5:1

Тунис – Ҷопон – 0:4

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Нидерланд21107-34
2Ҷопон21106-24
3Шведсия21016-63
4Тунис20021-10

Гурӯҳи G

Эрон – Зеландияи Нав – 2:2

Белгия – Миср – 1:1

Белгия - Эрон – 0:0

Зеландияи Нав – Миср – 1:3

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Миср21104-24
2Эрон20202-22
3Белгия20201-12
4Зеландияи Нав20113-51

Гурӯҳи Н

Арабистони Саудӣ – Уругвай – 1:1

Испания – Кабо-Верде – 0:0

Испания – Арабистони Саудӣ – 4:0

Кабо-Верде – Уругвай – 2:2

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Испания21104-04
2Уругвай20203-32
3Кабо-Верде20202-22
4Арабистони Саудӣ20111-51

Гурӯҳи I

Ироқ – Норвегия – 1:4

Фаронса – Сенегал –3:1

Фаронса- Ироқ – 3:0

Норвегия – Сенегал – 3:2

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Фаронса22007-16
2Норвегия22007-36
3Сенегал20023-60
4Ироқ20021-70

Гурӯҳи J

Аргентина – Алҷазоир – 3:0

Австрия – Урдун – 3:1

Аргентина – Австрия – 2:0

Урдун – Алҷазоир – 1:2

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Аргентина22005-06
2Австрия21013-33
3Алҷазоир21012-43
4Урдун20022-50

Гурӯҳи К

Узбекистон – Колумбия – 1:3

Португалия – ҶД Конго – 1:1

Португалия – Узбекистон – 5:0

Колумбия - ҶД Конго – 1:0

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Колумбия22004-16
2Португалия21106-14
3ҶД Конго20111-21
4Узбекистон20021-80

Гурӯҳи L

Гана – Панама – 1:0

Англия – Хорватия – 4:2

Панама – Хорватия – 0:1

Англия - Гана – 0:0

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Англия21104-24
2Гана21101-04
3Хорватия21013-43
4Панама10020-20

Дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ҳамагӣ 48 даста ширкат дорад. Дар маҷмӯъ 104 бозӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ҳоло 48-тоаш доир гардид.

Дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дастаҳои мунтахаб ба 12 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шуда, барои роҳ ёфтан ба плей-офф мубориза мебаранд.

Таркиби гурӯҳҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026:

Гурӯҳи A: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия

Гурӯҳи B: Канада, Қатар, Швейтсария, Босния ва Ҳерсеговина

Гурӯҳи C: Бразилия, Марокаш, Ҳаити, Шотландия

Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, Туркия

Гурӯҳи E: Олмон, Курасао, Кот-д’Ивуар, Эквадор

Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, Шведсия

Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав

Гурӯҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай

Гурӯҳи I: Фаронса, Ироқ, Сенегал, Норвегия

Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун

Гурӯҳи K: ҶД Конго, Португалия, Узбекистон, Колумбия

Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, инчунин ҳашт тими натиҷаҳояшон хубтари ҷойҳои севум, дар маҷмуъ 32 даста, ба даври 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир мегардад.

Тақвими Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026

дар ИМА, Мексика, Канада (бо вақти Душанбе)

Марҳалаи гурӯҳӣ

Даври севум

25 июн

00:00. Швейтсария – Канада

00:00. Босния ва Ҳерсеговина – Қатар

03:00. Марокаш – Ҳаити

03:00. Шотландия – Бразилия

06:00. ҶАҶ - Кореяи Ҷанубӣ

06:00. Чехия – Мексика

26 июн

01:00. Курасао - Кот-д’Ивуар

01:00. Эквадор – Олмон

04:00. Тунис – Нидерланд

04:00. Ҷопон – Шведсия

07:00. Туркия – ИМА

07:00. Парагвай – Австралия

27 июн

00:00. Норвегия – Фаронса

00:00. Сенегал – Ироқ

05:00. Кабо-Верде - Арабистони Саудӣ

05:00. Уругвай – Испания

08:00. Зеландияи Нав – Белгия

08:00. Миср – Эрон

28 июн

02:00. Панама – Англия

02:00. Хорватия – Гана

04:30. Колумбия – Португалия

04:30. ҶД Конго – Узбекистон

07:00. Алҷазоир – Австрия

07:00. Урдун – Аргентина