Изҳороти Трамп дар бораи Мелонӣ ҷанҷолбарангез шуд

Нашри изҳороти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи Ҷорҷиа Мелони, нахуствазири Италия дар рузи 19 июн, боиси таниш дар робита миёни ин ду муттаҳид шуд ва Антонио Таяни, вазири корҳои хориҷии Италия сафари барномарезишудааш ба Вашингтонро бекор кард.

Бар асоси гуфтугӯе, ки шабакаи италиявии «La7» аз Доналд Трамп нашр кард, президенти Амрико гуфтааст, ки Ҷорҷиа Мелони дар нишасти ахири раҳбарони Гурӯҳи 7 дар Фаронса ба Трамп "илтимос кардааст", ки бо ӯ акс бигирад. Трамп гуфтааст, фақат ба ин далел, ки "дилаш барояш мезӯзад", бо ин дархост мувофиқат кардааст.

Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин гуфтааст, ки Ҷорҷиа Мелони "эҳтимолан хушҳол будааст, ки бо ӯ сӯҳбат кардаам, маҷбур набудам бо ӯ сӯҳбат кунам".

Нашри ин изҳорот бо вокунишҳои густурдае дар Италия рӯбарӯ шуд ва Ҷорҷиа Мелони бо нашри видеое дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сӯҳбатҳои Трампро сохтагӣ хонд ва гуфт, на ӯ ва на Италия "ҳаргиз илтимос намекунем".

Ӯ боз изҳори ҳайрат аз суҳбатҳои Доналд Трамп дар шабакаҳои иҷтимоии Х гуфт, "намедонам чаро раисҷумҳури Амрико бо муттаҳидони худаш ингуна рафтор мекунад".

Хонум Мелони афзуд, "фақат метавонам бигӯям, ҳайф аст, ки ӯ бо душманони Ғарб, душманони ИМА ва раҳбароне, ки дар иваз бо онҳо бисёр созишпазиртар аст, ҳамин қотеиятро нишон намедиҳад".

Дар вокуниши дигар, Антонио Таяни, вазири корҳои хориҷии Италия, суханони Трампро "сахт ва тавҳиномез" хонд ва илова кард, ки сафари барномарезишудааш ба Амрикоро лағв мекунад. Ин сафар қарор буд, рӯзҳои 21 ва 22 июн баргузор шавад.

Пештар Ҷорҷиа Мелони дар поёни нишасти Гурӯҳи 7 дар Фаронса аз "фазои бисёр мусбат" ва "бе бархӯрд" байни Трамп ва дигар раҳбарони ҳозир дар ин ҷаласа сӯҳбат карда буд. Ӯ чандин бор дар ин ҷаласа ҳам бо раисҷумҳури Амрико дида шуд.

Ҷорҷиа Мелони то пеш аз ҷанги ахири Амрико ва Исроил бо Эрон бо доштани робитаҳои гарм бо Доналд Трамп машҳур буд, аммо ин робитаҳо пас аз онки, Мелони аз изҳороти Попи Рум алайҳи ҷанг ҳимоят кард, ба сардӣ гароид.