Месси дар Ҷоми ҷаҳонӣ ба дарвозаи Алҷазоир се гол зад

Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки бори аввал дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор шудааст, дар ҳафт рӯзи мусобиқа дар даҳ гурӯҳ бист бозӣ доир гардид.

Дувоздаҳ бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт ва ҳашт дидор бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Дар 20 бозӣ 62 гол зада шуд.

Лионел Месси, капитан ё сарвони дастаи мунтахаби Аргентина, ки дар бозии ифтитоҳӣ муқобили Алҷазоир ҳарсе голро ба самар расонда, хет-трик кард, дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 садрнишин шуд.

Дар умум, Мессии 38-сола шумораи голҳои худро дар марҳалаҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон ба 16 адад расонд ва ба рекорди беҳтарин голзани таърихи мусобиқот - Мирослав Клозеи олмонӣ - баробар шуд. Ин бозии 200-уми Месси дар сатҳи байнулмилалӣ буд.