Дар Душанбе қаҳрамонҳои нави кураши Осиё муайян шуданд

Мусобиқаи XV қаҳрамонии кураши Осиё бо иштироки варзишгарони 25 кишвари қора рӯзҳои 13-14-уми июн дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе доир гардид.

Рақобатҳо дар 8 вазн байни мардон ва дар 8 вазн миёни занон сурат гирифтанд. Дар ҳисоби умумии медалҳо мунтахаби Узбекистон бо касби 15 медал (10 тило, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) соҳиби ҷойи аввал гардид.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 10 медал (4 тило, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) зинаи дувумро ишғол намуд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 4 медал (2 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор гирифт.

Дар байни панҷгонаи беҳтаринҳо, инчунин мунтахабҳои Қазоқистон бо касби 9 медал ва Туркманистон бо касби 6 медал ҷойгир шуданд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгарони тоҷик Ҳақдод Гулов дар вазни 60 кило, Ёсин Бобокалонов дар вазни 66 кило, Умар Шеров дар вазни 73 кило медалҳои тило ва Наврӯз Каримзод дар вазни 81 кило медали нуқра ба даст оварданд.

Дар рӯзи дувуми мусобиқа Шариф Назриев дар вазни -120 кило бо медали тило, Насиба Карликова дар вазни 52 кило, Шоҳида Қаландарова дар вазни 63 кило, Саидҷамол Алимардонов дар вазни 100 кило, Шакармамад Мирмамадов дар вазни +120 кило бо медалҳои нуқра ва Ҳақназар Назаров дар вазни 90 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи XV қаҳрамонии кураши Осиё:

Мардон

Вазни -60 кг

1. Ҳақдор Гулов (Тоҷикистон)

2. Айбатир Миразат (Қазоқистон)

3. Сардор Бобомуродов (Туркманистон)

3. Қувончбек Садинов (У збекистон)

Вазни -66 кг

1. Ёсин Бобокалонов (Тоҷикистон)

2. Ҳёнсу Юн (Кореяи Ҷанубӣ)

3. Меҳроҷиддин Чакмар (Афғонистон)

Вазни -73 кг

1. Умар Шеров (Тоҷикистон)

2. Ҷамшид Юлдошев (Узбекистон)

3. Хидир Муҳаммадов (Туркманистон)

3. Темирлан Сагиндиков (Туркманистон)

Вазни -81 кг

1.Аҳрор Зиёдуллоев (Узбекистон)

2. Наврӯз Каримзод (Тоҷикистон)

3. Адилет Ахметгалӣ (Қазоқистон)

3. Забинулло Эҳсонӣ (Афғонистон)

Вазни -90 кг

1. Самандарбек Садинов (Узбекистон)

2. Оғомурод Бешимов (Туркманистон)

3. Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)

3. Ахтилек Култаев (Қирғизистон)

Вазни -100 кг

1. Ҷамшед Маматраҳимов (Узбекистон)

2. Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон)

3. Илҳом Камолов (Туркманистон)

3. Муҳаммадзоҳир Сарварӣ (Афғонистон)

Вазни -120 кг

1. Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)

2. Шералӣ Ҷӯраев (Ӯзбекистон)

3. Оразбек Алмазбеков (Қирғизистон)

3. Суҷит Кумар Сингҳ (Ҳиндустон)

Вазни +120 кг

1. Шоҳруххон Бахтиёров (Узбекистон)

2. Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)

3. Баек Дусан (Кореяи Ҷанубӣ)

3. Куназип Йеа-Он (Тайланд)

Занон

Вазни -48 кг

1. Мафтуна Холматова (Узбекистон)

2. Жибек Жаксюбой (Қазоқистон)

3. Алиман Абдурашитова (Қирғизистон)

3. Пател Прити (Ҳиндустон)

Вазни -52 кг

1. Ҳилола Ортиқбоева (Узбекистон)

2. Насиба Карликова (Тоҷикистон)

3. До Зу Ҳа (Ветнам)

3. Самруддҳи Сандип Патил (Ҳиндустон)

Вазни -57 кг

1. Ибодатхон Оғоҷонова (Узбекистон)

2. Роза Нурмаҳамметова (Қазоқистон)

3. Ван-Тинг Ли (Тайбейи Чин)

3. Нгуйен Зи Ҳйонг (Ветнам)

Вазни -63 кг

1. Машҳура Ғаниева (Узбекистон)

2. Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)

3. Нгуйен Зи Нгос Нҳунг (Ветнам)

3. Нуройим Мавлонова (Қирғизистон)

Вазни -70 кг

1. Сумин Мо (Кореяи Ҷанубӣ)

2. Нурана Ҳазратова (Туркманистон)

3. Тӯйгул Ҳамроева (Узбекистон)

3. Ле Ҳюин Туонг Ви (Ветнам)

Вазни -78 кг

1. Шоиста Назарова (Узбекистон)

2. И Чен Чао (Тайбейи Чин)

3. Акбота Қодиралӣ (Қазоқистон)

3. Сабина Қодирова (Туркманистон)

Вазни -87 кг

1. Чарос Абдуллоева (Узбекистон)

2. Чан Тхи Тхан Тхуй (Ветнам)

3. Анҷали Чаухан (Ҳиндустон)

3. Арайлим Жасуланова (Қазоқистон)

Вазни +87 кг

1. Минёнг Ким (Кореяи Ҷанубӣ)

2. Лю Ли Линг Шиҳ (Тайбейи Чин)

3. Албина Баҳриева (Қазоқистон)

3. Дурдона Абдуҷабборова (Узбекистон)

Кураш гуштии камарбандии суннатии мардуми туркзабон аст, ки дар Осиёи Марказӣ пайдо шудааст. Ин ҳунари муҳорибавӣ таърихи тӯлонӣ дорад, ки онро ба яке аз маъмултарин намудҳои варзиш дар минтақа табдил додааст.

Солҳои ахир ин намуди варзиш дар бисёр кишварҳои ҷаҳон низ рушд мекунад ва дар ҳамин ҳол ҳудуди 120 федератсияи миллӣ аз Осиё, Африқо, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, инчунин Уқёнус ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии кураш, ки роҳбарии онро Комил Рӯзиеви узбекистонӣ ба зимма дорад, пазируфта шудаанд.

Кураш, бахусус, дар Узбекистон мавқеи хоса дорад. Тибқи қарори президенти ин кишвар ҳукумати Узбекистон кӯшиш мекунад, ки кураш ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил гардад.

Кураш дар Тоҷикистон ҳам маъмул аст. Аз моҳи октябри соли 2023 инҷониб Зуҳуршо Нурмуҳаммадзода раиси Федератсияи кураши Тоҷикистон мебошад.

Варзишгарони тоҷик дар ин ришта дар қаҳрамонии ҷаҳон панҷ нишони тило ба даст оварда, ҳамчунин шаш нафари дигар ҷоизадор гаштаанд. Зимнан, ду паҳлавони тоҷик - Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров – дар риштаи кураш дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар шаҳри Ҳангжоуи Чин бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.