Ин барнома дар бораи ширкати хонанда дар дарс ва баҳои ӯ ба волидайнаш хабар медиҳад. Маблағи истифодаи ин барномаро бояд волидайни мактабхонҳо пардозанд.
Радиои Озодӣ бо дархости сокинони вилояти Хатлон бо Ҳабибулло Ширинов, менеҷери лоиҳаи "Е-хониш" ҳамсӯҳбат шуд ва ба суолҳои корбарон аз ӯ посух гирифт.
Нахуст аз Ширинов пурсидем, ки ҳадаф аз ҷорӣ кардани барномаи "Е-хониш" чист?
Ҳабибулло Ширинов: Ҳадафи ин барнома наздик овардани падару модар ба мактабу маориф аст. Бештари волидайн дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва дар бораи таҳсили фарзандони худ маълумот надоранд. Чун фарзандони онҳо пагоҳирӯзӣ ба мактаб мераванд ва 5-6 соате, ки хонанда дар мактаб дарс мехонад, волидайн хабаре надоранд. Пас барномаро ба ин шакл омода сохтем, ки падару модар новобаста аз оне, ки дар куҷо қарор доранд, хоҳ дар Тоҷикистон хоҳ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҳолати фарзанди худ бохабар шаванд. Барнома дар Плей-маркет ҷой дода шудааст. Дар барнома тамоми раванди таҳсил, аз ҷумла, вуруди хонанда ба мактаб, ҷадвали дарсӣ, баҳогузорӣ ва вазифаи хонагӣ қайд шудааст.
Радиои Озодӣ: Суоли асосие, ки дар ин бора мепурсанд, маблағи ин барнома аст. Барои истифодаи барномаи "Е-хониш" аз волидайни хонандагон чӣ қадар маблағ гирифта мешавад?
Ҳабибулло Ширинов: Обунапулии барнома барои ҳар хонанда 150 сомонӣ рост омада аст. Ин маблағ дар давоми 11 сол таҳсили хонанда дар мактаб, ҳамагӣ як бор пардохт карда мешавад, на ҳар сол. Ятимони кул, нимаятимҳо ва маъюбони гурӯҳи як аз пардохти маблағи барнома озоданд. Инчунин агар падари хонанда маъюб ва манбаи асосии даромади хонавода бошад, аз фарзандонаш маблағи барномаи "Е-хониш" гирифта намешавад.
Радиои Озодӣ: Агар падару модари хонанда камбизоат бошанд чӣ?
Ҳабибулло Ширинов: Ҳуҷҷати камбизоатӣ, ростӣ, дар барномаи мо омада аст. Чун камбизоат гуфта, суолҳои зиёд пеш меояд.
Радиои Озодӣ: Барои оилаҳои серфарзанд дар пардохти маблағ чӣ сабукӣ додаед?
Ҳабибулло Ширинов: Имтиёз ба ин гуна оилаҳо ҳамин аст, ки барнома танҳо аз се фарзанди онҳо маблағ мегирад, на аз чор-панҷ фарзанд. Ин оилаҳо танҳо барои се фарзанд маблағ пардохт мекунанд ва агар дар оянда фарзанди чорум ва панҷумашон мактабхон шаванд, маблағи барномаро намесупоранд.
Радиои Озодӣ: То имрӯз дар чанд шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ин барнома ҷорӣ шудааст?
Ҳабибулло Ширинов: Аллакай дар мактабҳои шаҳри Бохтар бе ягон мушкилӣ пурра аз ин барнома истифода мебаранд. Инчунин дар литсейи рақами 2-и шаҳри Кӯлоб низ барнома ҷорӣ шудааст. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят кори мо 95-98 дарсад иҷро шудааст. Мо дар ин ноҳияҳо қадам ба қадам барномаро ҷорӣ мекунем.