Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии аввали дӯстона миёни тимҳои олимпии Чин ва Тоҷикистон рӯзи шанбеи 6-уми июн дар шаҳри Зунйии Чин баргузор шуд. Бозӣ бо бартарии комили мизбонон сурат гирифт. Голи ягона дар замони ҷуброншудаи бозӣ, дар дақиқаи 90+6, зада шуд.
Бозии дувуми дӯстонаи дастаҳои олимпии Чину Тоҷикистон дар ҷараёни ҷамъомади таълимиву тамринӣ рӯзи сешанбеи 9-уми июн дар шаҳри Гуйяни Чин доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни дастаҳои мунтахаби то 23-сола соли оянда баргузор хоҳад шуд.
Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби ҷавонони Чин (U-23):
Дарвозабонҳо: Шаҳобиддин Маҳмудзода («Регар-ТадАЗ»), Зуҳриддин Муйдинов («Хуҷанд»), Беҳзод Ҳакимов («Истаравшан»);
Ҳимоятгарон: Қамариддин Ғаффорзода («Барқчӣ»), Александр Мухин («Парвоз»), Абдусамад Меликмуродов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадҷон Исоқов («Сардор»), Баракатулло Неъматуллозода («Ҳосилот»), Меҳроҷиддин Розиқов («Вахш»), Султонбек Фозилов («Истаравшан»), Муҳаммадҷон Рустамов («Эсхата»), Рустам Камолов («Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Фатҳулло Олимзода («Равшан»), Ҷовидон Хушвахтов, Зариф Зарифзода (ҳарду аз «Барқчӣ»), Муҳаммад Муҳаммадзода («Истиқлол»), Абубакр Сулаймонов («Сардор»), Ҳоҷӣ Абдуманнон («Эсхата»), Шаҳбон Наимов («Истаравшан»);
Ҳамлагарон: Беҳрӯз Хуҷаев («Вахш»), Некрӯз Зокиров («Сардор»), Муҳаммадиқбол Аминзода («Истаравшан»), Садриддин Улаев («Моҳир»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.