Ин иқдом нишондиҳандаи афзоиши нигарониҳо дар Конгресс дар бораи ин даргирӣ аст. Ҳамзамон мақомҳои баландпояи ҳукумати Амрико таъкид кардаанд, ки ин рӯёрӯӣ поён ёфтааст, ҳарчанд табодули ҳамлаҳои низомӣ дар нуқтаҳои гуногуни минтақа ҳамчунон идома дорад.
Ин раъйдиҳӣ дар ҳоле анҷом шуд, ки Исроил ва Лубнон пас аз музокироте бо миёнҷигарии Амрико, дар бораи тамдиди оташбас тавофуқ карданд. Ин рӯйдоди дипломатӣ низ худ бар печидагиҳои афзояндаи вазъияти минтақа афзудааст.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 4 июн барои баррасии ин таҳаввулот бо Ҷейк Сотириадис, пажӯҳишгари ғайримуқими Маркази стратегӣ ва амнияти Сковкрофт вобаста ба Шӯрои Атлантик, гуфтугӯ кард.
Ҷейк Сотириадис, пажӯҳишгари ғайримуқими Маркази стратегӣ ва амнияти Сковкрофт вобаста ба Шӯрои Атлантик.
Ҷейк Сотириадис ҳамчунин мушовири Вазорати корҳои хориҷии Амрико аст ва дар Муассисаи хадамоти хориҷии ин вазоратхона, давраҳои таҳқиқоти оянданигарии стратегӣ ва таҳлили таҳаввулоти геополитикӣ барои дипломатҳо баргузор мекунад.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ: Маҷлиси Намояндагон бо маҳдуд кардани иқдомоти низомии бештари Амрико алайҳи Эрон раъй додааст, дар ҳоле, ки ҳукумат мегӯяд, ҷанг амалан поён ёфтааст. Ин паёмҳои зидунақиз чӣ чизе дар бораи вазъияти феълии бӯҳрон мегӯянд?
Ҷейк Сотириадис: Ба назари ман, ҳукумат аз ҳамон равише истифода мекунад, ки ҳукуматҳои пешин барои таърифи вазъияти як ҷанг ба кор гирифтаанд. Раъйи Маҷлиси Намояндагон асосан рамзӣ аст. Ин як қатъномаи маҷбуркунанда нест, ки битавонад тавоноии ҳукуматро маҳдуд кунад. Ҳатто агар дар Сенати Амрико ҳам бо ҳамин шакли феълӣ қабул шавад, боз таъсири зиёде бар ихтиёроти раисҷумҳур барои анҷоми амалиёти низомӣ нахоҳад дошт.
Дар чунин шароит наметавон гуфт, ки хатар комилан аз байн рафтааст. Вазъият бисёр бесубот аст ва ҳар лаҳза мумкин аст даргирӣ оғоз шавад.
Аммо аҳамияти мавзӯъ дар ҷанбаи рамзӣ ё намодини он аст. Аз назари зоҳирӣ, ин рухдод барои ҳукумат хушоянд нест, зеро бозтобдиҳандаи дидгоҳи Маҷлиси Намояндагон аст. Ба гумони ман, ин мавзӯъ бо натиҷаҳои назарсанҷиҳои ахир низ ҳамхонӣ дорад. Аксарияти амрикоҳое, ки мавриди пурсиш қарор гирифтаанд, аз ин даргирӣ ҳимоят намекунанд. Бинобар ин, аз диди афкори умумӣ, вазъият барои ҳукумат душвор аст.
Дар бораи вазъияти даргирӣ низ бояд гуфт, ки ҳукумат ба далелҳои ҳуқуқӣ эълон мекунад, ҷанг расман поён ёфтааст. Аммо аз наари амалӣ бисёр душвор аст, ки бо таваҷҷуҳ ба шароити феълӣ чунин натиҷае гирифт. Имрӯз даҳҳо паҳпод ва мушакҳо ба Фурудгоҳи байналмилалии Кувайт бархӯрд кард, нерӯҳои амрикоӣ ба Ҷазираи Кишм ҳамла карданд ва Эрону Амрико ҳамчунин ба табодули ҳамлаҳои мушакӣ идома медиҳанд. Дар чунин шароите наметавон гуфт, ки хатар комилан аз байн рафтааст. Вазъият бисёр бесубот аст ва ҳар лаҳза мумкин аст шоҳиди шадидтар шудани дубораи даргириҳои низомӣ бошем.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ: Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико гуфтааст, ки Эрон аз назари низомӣ ва иқтисодӣ ниҳоят заъиф шудааст. Аз дидгоҳи истихборотӣ ва амниятӣ, таҳлилгарон чӣ гуна ташхис медиҳанд, ки як корзор воқеан рафтори як кишварро тағйир додааст ё фақат тавоноиҳои онро коҳиш додааст?
Иқтисоди Эрон ҳам аз ин ҷанг осеб дидааст.
Ҷейк Сотириадис: Роҳҳои гуногуне барои ин арзёбӣ вуҷуд дорад, аммо нахуст бояд гуфт, ки рафтори Эрон чандон тағйир накардааст. Ин масъала дар қалби ин даргирӣ қарор дорад. Пурсиши аслӣ ин аст, ки оё метавон аз тағйири ҳукумат, рафтори Эронро тағйир дод ё на. Ба назари ман ин гузина феълан радшуда аст.
Бале, тавоноиҳои низомии Эрон коҳиш ёфтааст. Амалан нерӯи баҳрии он дигар нақши муассир надорад. Аммо мушкил инҷост, ки ҳукумати Эрон нишон додааст, барои назорати як гулӯгоҳи стратегӣ монанди тангаи Ҳурмуз ба флоти калони баҳрӣ ниёз надорад. Эрон аз равишҳои бемонанд истифода мекунад. Ҳанӯз шумори зиёде паҳпод дар ихтиёр дорад ва ҳамчунон аз тавони мушакии худ истифода мебарад.
Ба ҳамин далел, дар ҳар музокирае, ки анҷом шавад, агар маҳдудияте барои барномаи мушакҳои баллистикии Эрон дар назар гирифта нашавад, масъалаи муҳиме нодида гирифта хоҳад шуд. Ҳама таваҷҷуҳ ба барномаи ҳастаӣ равона шудааст, ки албатта муҳим аст, аммо барномаи мушакҳои баллистикӣ низ аҳамияти бисёр зиёде дорад.
Тавоноиҳои мушакии Эрон.
Ин тавоноӣ ба Эрон иҷоза медиҳад, на танҳо дар саросари Ховари Миёна, балки фаротар аз он ҳамла кунад, ҳамон тавр, ки чанд моҳ пеш мушакҳоеро ба тарафи як пойгоҳи низомӣ дар ҷазираи Диего-Гарсия партоб кард. Бинобар ин, Эрон заъиф шудааст, аммо аз майдон берун нашудааст. Пойгоҳҳои мушакӣ ва паҳподии соҳилии он ҳамчунон як чолиши ҷиддӣ эҷод мекунанд. Ба ҳамин далел аст, ки ба назари ман таваҷҷуҳи аслии Амрико бар муҳосираи бандарҳои Эрон равона шудааст.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ: Доналд Трамп мегӯяд, Эрон пазируфтааст, ки ба дунболи силоҳи ҳастаӣ наравад. Ин иддао то чӣ ҳад муҳим аст ва коршиносон барои ин, ки онро як пешрафти воқеӣ бидонанд, ба чӣ нишонаҳое ниёз доранд?
Ҷейк Сотириадис: Содиқона бигӯям, ҳанӯз барои пазириши ин изҳорот хеле зуд аст. Ҳар ду тараф ҳар рӯз иддаоҳое матраҳ мекунанд ва тарафи муқобил онҳоро рад мекунад. Мумкин аст раисҷумҳур Трамп ба гуфтугӯҳое ишора карда бошад, ки анҷом шудаанд. Аммо дар ин фурсани замонӣ, бовар кардани ин, ки Эрон воқеан аз баҳри ин мавзӯъ гузашта бошад, бисёр душвор аст, зеро ба назари ман, Теҳрон онро бахше муҳим аз чатри амниятии худ медонад.
Амрико тобистони гузашта бо ҳавопаймойҳои B-2 ба пойгоҳҳои ҳастаии Эрон ҳамла кард.
Ҳукумати Эрон акнун нигарони он аст, ки ҳатто дар ҷараёни музокирот низ ҳадафи ҳамлаҳои низомӣ қарор гирад. Ҳамон тавр, ки соли гузашта бомбаафканҳои B-2-и Амрико дар ҳоле, ки Теҳрон ва Вашингтон дар ҳоли гуфтугӯ буданд, ба иншооти ҳастаии Эрон ҳамла карданд.
Аз сӯи дигар, акнун сарлашкар Ваҳидӣ ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи Сипоҳи посдорон матраҳ шудааст. Ӯ ва Сипоҳ амалан тасмимгирандагони аслӣ ҳастанд. Ин ҷараён, тундравтарин бахши ҳукумати Эрон ба шумор меравад ва назорати комили вазъро дар даст гирифтааст. Нигоҳи онҳо бо дидгоҳи бахшҳои миёнаравтари ҳукумат фарқи асосӣ дорад.
Бинобар ин, то замоне, ки нишонаҳое комилан назаррас набинем, пазириши ҳар иддаое аз сӯи Эрон барои ман бисёр душвор хоҳад буд.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ: Трамп ҳамчунин гуфтааст, ки мулоқот бо раҳбари Ҷумҳурии исломиро рад намекунад. Чунин дидоре то чӣ андоза ғайримаъмул хоҳад буд ва чӣ паёме ба муттаҳидон ва рақибони Амрико дар минтақа мефиристад?
Ҷейк Сотириадис: Чунин дидоре амалан бесобиқа хоҳад буд. Аммо агар ба амалкарди Трамп дар сиёсати хориҷӣ нигоҳ кунем, ӯ ҳамон президенте аст, ки барои нахустин бор аз Кореяи Ҷанубӣ ворид Кореяи Шимолӣ шуд ва бо Ким Чен Ун дидор кард.
Трамп дар сиёсати хориҷӣ шеваи ғайримаъмулӣ дорад ва барои иртиботи шахсӣ бо раҳбарони кишварҳо аҳамияти зиёде қоил аст.
Аммо аз назари сиёсатгузориҳои калон, бисёре аз мардум сардаргум шудаанд, зеро дар муддати кӯтоҳе паёмҳои бисёр ба ҳам зид шунидаанд. Як вақт гуфта мешавад, танҳо натиҷаи қобили қабул, таслими бе қайду шарт аст. Акнун сӯҳбат аз эҳтимоли дидор бо раҳбари Ҷумҳурии исломӣ матраҳ аст. Шунидаем, ки тағйири ҳукумат ҳадафи стратегӣ набуда ва ҳадаф, танҳо заъиф кардани тавоноии низомӣ ё барномаи ҳастаии Эрон будааст.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ: Бисёре аз мардум, ба вижа амрикоиҳо, мепурсанд, дақиқан дастоварди ин иқдомот чист. Акнун дар чӣ нуқтае қарор дорем?
Ҷейк Сотириадис: Тангаи Ҳурмуз амалан ба рӯи киштиҳо баста шудааст. Ин масъала таъсири калоне бар иқтисоди ҷаҳонӣ гузоштааст ва ҳанӯз дурнамои рӯшане барои поёни он вуҷуд надорад. Ҳарчанд гуфта мешавад, мумкин аст созиш наздик бошад, аммо ман нисбат ба дастёбӣ ба он дар кӯтоҳмуддат хушбин нестам. Ин вазъият мумкин аст моҳҳо идома пайдо кунад.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ: Имрӯз ҳамчунин шоҳиди музокироти сеҷониба миёни Исроил, Лубнон ва Амрико будем. Созиши эълоншуда шомили оташбас ва ақибнишинии "Ҳизбуллоҳ" аз минтақаҳои марзӣ ва ӯҳдадорӣ барои халъи силоҳ аст. Аҳамияти ин таҳаввул чист?
Ҷейк Сотириадис: Ба назари ман, ин таҳаввул муҳим аст, аммо бояд бо эҳтиёт ба он нигоҳ кард. Аҳамияти он дар ин аст, ки муваффақияти дипломатии Амрикоро нишон медиҳад, ин ки тавонистааст тарафҳоро ба мизи музокирот биёварад ва созиши оташбас бирасонад.
Ҳамлаи Исроил ба ҷануби Лубнон. 5 июн, 2026.
Аммо нигаронии ман ин аст, ки нақзи оташбас барои ҳар ду тараф кори чандон душворе нест ва дар гузашта борҳо чунин иттифоқеро дидаем. Бинобар ин, ҳарчанд акнун як оташбаси муваққат барқарор шудааст, тааҷҷуб нахоҳем кард, агар дубора шоҳиди ҳамлаи Исроил ба мавзеъҳое бошем, ки таҳдиде аз сӯи "Ҳизбуллоҳ" хонда мешаванд ё баръакс, ҳамлае аз сӯи "Ҳизбуллоҳ" сурат гирад.
Вазъият ҳамчунон бисёр бесубот аст. Ин қадаме дар масири дуруст аст, аммо то расидан ба як роҳҳали пойдор, фосилаи зиёде вуҷуд дорад.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ: Тибқи гузоришҳо, Эрон дар ҳамлаҳои ахир зерсохтҳои атрофи фурудгоҳи Кувайтро ҳадаф қарор дод, ки талафоте дар пай дошт. Ин ҳамлаҳо чӣ тасвире аз тавони боқимондаи ҳукумати Эрон барои нуфузи қудрат нишон медиҳад?
Ҷейк Сотириадис: Мо дар инҷо бо ду масъалаи аз ҳам фарқкунанда рӯбарӯ ҳастем. Нерӯҳои низомии Эрон заъйф шудаанд ва тавоноии он барои ҷанги густурда бо як рақиб ҳамвазн коҳиш ёфтааст. Аммо ин ба маънои он нест, ки тавони паҳбодӣ ва мушакии он низ ба ҳамон андоза коҳиш ёфтааст.
Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин қодир аст ҳадафҳое монанди Фурудгоҳи Кувайт, полоишгоҳҳои нафт ё пойгоҳҳои низомии минтақаро ҳадаф қарор диҳад. Ҳанӯз шумори зиёди паҳпод дар ихтиёр дорад, ки нобуд нашудаанд ва ҳамчунон мушакҳое дорад, ки аз он истифода мекунад.
Нуктаи ҷолиб ин аст, ки Эрон акнун аз ҳамон далелҳое истифода мекунад, ки Амрико ба кор мебарад. Теҳрон имрӯз эълон кард, ки ҳамла ба Кувайт дар чорчӯби дифоъ аз худ анҷом шуд, зеро бовар дорад, ҳамлаҳое аз онҷо алайҳи Эрон сурат гирифтааст.
Фурудгоҳи Кувайт пас аз ҳамлаи Эрон.
Амрико низ ҳамлаҳои худ ба пойгоҳҳои мушакӣ ва паҳподии баҳриро бо такя ба дифоъ аз худ тавҷеҳ кардааст. Акнун ҳар ду тараф аз адабиёти монанд истифода мекунанд.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ: Дар бораи тангаи Ҳурмуз ва масирҳои киштиронии минтақа, чӣ нишонаҳоеро ба диққат дунбол мекунед, то мушаххас шавад, минтақа ба тарафи субот меравад ё дубора ба сӯи рӯёрӯӣ ҳаракат мекунад?
Ҷейк Сотириадис: Барои бозкушоии комили тангаи Ҳурмуз бояд иқдомҳои зиёде анҷом шавад. Яке аз калонтарин таҳдидҳо дар ҳоли ҳозир ин аст, ки Эрон тангаро минагузорӣ кардааст. Ин масъала хатаре ҷиддӣ барои киштиҳои тиҷорӣ ва низомӣ ба шумор меравад. Ҳар созише барои бозкушоии тангаи Ҳурмуз ҷамъоварии ин минаҳо аз сӯи Эронро тақозо хоҳад кард.
Тангаи Ҳурмуз.
Дар ин замина, кӯмакҳои муттаҳидони аврупоии Амрико метавонад бисёр муфид бошад. Шояд мушорикати як нерӯи баҳрии аврупоӣ дар амалиёти минарӯбӣ ё ҳамроҳӣ кардани киштиҳо, нишонаи мусбате хоҳад буд. Чунин иқдом ҳамчунин паёме рӯшан дар бораи вуҷуди як эътилофи густурдаи байналмилалӣ барои ҳалли ин масъала ирсол мекунад.
Аврупоиҳо дар ин масъала манфиатҳои калоне доранд. Байни 12 то 20 дарсади энержии мавриди ниёзи онҳо аз тангаи Ҳурмуз убур мекунад.
Эрон дар ҷараёни ин ҷанг дарёфтааст, ки бо вуҷуди тамаркузи фаровон бар барномаи ҳастаӣ, яке аз муҳимтарин абзорҳои нуфузаш, мавқеияти ҷуғрофии он аст. Теҳрон аз муддатҳо медонист, ки бастани тангаи Ҳурмуз як интихоб аст, аммо акнун онро шояд қудратмандтарин абзори худ медонад.
Ман нигаронам, ки Эрон дар оянда ҳозир ба чашмпӯшӣ аз контрол ё нуфузи худ бар ин танга набошад. Ин мавзӯъ пеш аз оғози амалиёти низомӣ вуҷуд надошт, аммо акнун ба яке аз муҳимтарин муаммоҳое табдил шудааст, ки бояд ҳал шаванд.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ: Бо таваҷҷуҳ ба ҳамаи изҳороти мақомҳои ҳукумати Амрико, оё шоҳиди оғози як ҳаракати дипломатии устувор миёни Вашингтон ва Теҳрон ҳастем ё фақат таваққуфе муваққат дар як рӯёрӯии рӯ дар рӯ ҳастем, ки ҳамчунон хатари шиддат ёфтани танишро дар худ дорад?
Ҷейк Сотириадис: Ҳар вақте, ки вазъият то ин ҳад бесубот бошад, хатари азсаргирии амалиёти низомӣ вуҷуд дорад. Аммо агар ба шароити феълӣ нигоҳ кунем, чӣ гузинаҳое барои ҳукумати Амрико боқӣ мондааст?
Яке аз гузинаҳо ин аст, ки Амрико ба осонӣ аз мавзӯъ бигзарад, аммо чунин коре барои Вашингтон воқеан имконпазир нест ва аз назари сиёсӣ низ тасвири муносибе эҷод намекунад.
Гузинаи дигар, шиддат ёфтани амалиёти низомӣ ва оғози як маъракаи густурдатари бамборон барои водор кардани Теҳрон ба музокира аст. Аммо ба назари ман, акнун ҳар ду тараф тарҷеҳ медиҳанд музокира кунанд ва дастикам мавзеи эъломии ҳукумати Амрико низ ҳаминро нишон медиҳад.
Мушкил инҷо аст, ки ҳанӯз ихтилофҳои ҳалношудании фаровоне вуҷуд дорад. Чӣ бар сари вазъияти уранюми ғанишуда ва чӣ бар сари товони 25-миллиарддолларӣ, ки гуфта мешавад, Эрон хостори он аст. Ин талабҳо барои Вашингтон қобили қабул нахоҳад буд. Ба ҳамин тартиб, хостаҳои Амрико низ барои Теҳрон пазируфтанӣ нест.
То вақте, ки навъе созиши муваққат ба даст наояд, масалан, як таваққуфи 60-рӯза, ки фурсати расидан ба роҳҳали дарозмуддатро фароҳам кунад, эҳтимолан дар ҳамин вазъияти норӯшан боқӣ хоҳем монд. Ба назари ман, ин вазъ метавонад чанд моҳи дигар низ идома пайдо кунад.