Ҳамлаи паҳподии Украина ба як полоишгоҳ дар хоки Русия

Ҳамлаи паҳподии Украина ба як полоишгоҳ дар Саратов

Паҳподҳои Украина рӯзи 31-уми май як полоишгоҳи нафтро дар қалби Русия ҳадаф қарор додаанд. Зарба ба ин иншоот дар вилояти Саратов ҳамлаи дувум ба корхонаи коркарди нафт аз моҳи март ба ин сӯ аст. Он зоҳиран талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Бо ин ҳол, тибқи гузоришҳо, дар полоишгоҳи мутааллиқ ба ширкати давлатии Русия -- "Роснефт" сӯхтори густурда рух дода, аз он дуди сиёҳи ғализ бархостааст. Артиши Украина эълон кард, ки паҳподҳояш полоишгоҳи Саратов ва чанд нуқтаи дигарро дар саросари Русия ҳадаф қарор доданд.

Ҳокими вилояти Саратов Роман Бусоргин гуфт, "зерсохтҳои ғайринизомӣ" ҳадаф қарор гирифтаанд, аммо дақиқ нагуфт, ки кадом иншоот осеб диданд.

Аз оғози соли ҷорӣ, Украина ҳамлаҳои паҳподии худро ба корхонаҳои нафту гази Русия дар саросари ин кишвар афзоиш додааст. Ба назар мерасад, ҳадафи амалиёт маҳдуд кардани тавоноиҳои Русия барои содироти гидрокарбонҳо ва ба даст овардани даромад барои таъмини молии ҷанг алайҳи Украина бошад.

Русия аз афзоиши қимати ҷаҳонии маводи сӯхт, ки дар пайи ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон ба миён омад, баҳра бурдааст. Ба гуфтаи манбаъҳои хабаргузории "Рейтерз", ҳамлаҳои Украина, ки хати лӯла ва анборҳоро низ ҳадаф қарор додаанд, сабаби қатъ ё коҳиши тавлид дар тақрибан ҳамаи полоишгоҳҳои бузурги нафт дар маркази Русия шудаанд.

Дар Қрим мақомоти маҳаллӣ эълон карданд, ки бензин саҳмиябандӣ хоҳад шуд. Бар ин асос, ронандагон бо маҳдудияти рӯзона рӯбарӯ хоҳанд буд. Сергей Аксионов, раиси минтақа гуфт, ки ба нақлиёти ҷамъиятӣ афзалият дода мешавад.

Дар як ҳодисаи дигар, як паҳбод рӯзи шанбе дар наздикии бинои чархаи яке аз шаш реактори нерӯгоҳи ҳастаии "Запороже", яке аз калонтарин нерӯгоҳи ҳастаии Украина, таркид.

Алексей Лихачев, раиси ширкати давлатии энержии атомии Русия (Росатом) иддао кард, ки ин паҳподи украинӣ будааст.

Артиши Украина ин иддаоро кард ва Русияро муттаҳам намуд, ки талош мекунад таваҷҷуҳро аз ҷиноятҳои ҷангӣ ва шикастҳои худ ба дигар тараф барад.

Нерӯгоҳи "Запороже" калонтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупо аст, аммо аз соли 2022 ва пас аз ишғоли бахше аз минтақа ва худи нерӯгоҳи тавассути артиши Русия, дар вазъияти "хомӯшии сард" қарор дорад ва коркунони маҳаллӣ маҷбур шудаанд, зери назорати нерӯҳои русӣ онро идора кунанд.

Киев аз он замон то кунун борҳо Русияро ба харобкорӣ дар ин нерӯгоҳ ба ҳадафи айбдор кардани Украина муттаҳам кардааст.

Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ эълон кард, ки тиме аз коршиносони ин ниҳод пас аз ҳодиса аз нерӯгоҳ боздид карданд ва ҳеч афзоиши ғайриоддӣ дар сатҳи радиактивҳои ҳастаӣ мушоҳида нашудааст.

Ин Оҷонс маълум накард, ки дар ин ҳодиса паҳподҳои кадом тараф даст доштанд.