Пайкараи азими Мессиро дар Ҳинд мекананд

Пайкараи бузурги Лионел Месси ситораи футбол, ки соли гузашта пеш аз сафари ӯ дар Ҳинд қад афрохта буд, ба зудӣ бардошта мешавад. Хабаргузории "Франс Пресс" бо такя ба як мақоми расмӣ дар ҳукумати Ҳинд навиштааст, ки пайкара бо вазидани бод меҷунбад ва ҳоло коргарон муҷассамаи тиллоранги 21-метрӣ дар шаҳри Калкуттаро бо ресмонҳо бастаанд, то устувор бимонад.

Пайкара, ситораи 38-солаи тими миллии Аргентина ва клуби «Интер Майами»-ро бо Ҷоми ҷаҳон дар даст нишон медиҳад. Аз пайкара моҳи декабри соли гузашта дар ҷараёни сафари Месси ба Ҳиндустон пардабардорӣ шуда буд.

Шарадват Мукерҷи, вакили парлумони аёлати Банголаи Ғарбӣ, гуфтааст: “Муҳандисон муайян карданд, ки муҷассамаи ин устураи футболи Аргентина дар шаҳри Калкутта хатарнок аст. Пайкара аз таъсири бод меҷунбад."

Мукерҷи афзудааст, маълум нест, ки пайкараро кай бармечинанд. Қарор аст тими миллии Аргентина бозиҳои худро дар Ҷоми ҷаҳонии футбол рӯзи 16-уми июн дар шаҳри Канзас бо Алҷазоир оғоз кунад.

Месси то ҳол аз қасди худ барои ширкат дар ин мусобиқа расман хабар надодааст, аммо интизор меравад, ки барои бори шашум дар ин сабқати бузург ба майдон барояд. Ҳинд бо 1,4 миллиард аҳолӣ агарчӣ дар бозии чавгон қавист, аммо дар футбол дастоварди чашмрасе надорад ва дар раддабандии ФИФА дар ҷойи 142-юм меистад. Аммо бар асоси пажӯҳиши ширкати таҳлилии «Нилсен» (Nielsen), ки рӯзи чоршанбе нашр шуд, футбол дувумин варзиши маҳбуб дар Ҳинд маҳсуб мешавад.